18.9 C
Dushanbe

Мақомоти тоҷик бархе наздикони боздоштшудаи мухолифонро озод карданд

Мухолифони тоҷики муқими Аврупо мегӯянд, наздикони боздоштшудаашонро мақомоти амниятии кишвар пас аз 2-3 рӯзи боздошт раҳо кардаанд.

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори мустақил рӯзи 4-уми сентябр дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки пас аз нашри муроҷиатномаи якҷояи ҷамъе аз мухолифон, мақомот наздиконашонро аз боздошт раҳо карданд.

Ҳамзамон Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, яке аз масъулони ПМТ дар Лаҳистон низ аз озод шудани наздиконаш хабар дод. Инчунин чанд нафари дигаре, ки дар муроҷиати дирӯза номҳояшон зикр шуда буд, гуфтанд, ки имрӯз мақомот наздиконашон озод шуданд.

Аммо дар баробари ин, бархе аз мухолифон бидуни зикри номашон ба Azda tv гуфтанд, ки то ҳол аз пайвандони онҳо хабаре нест ва умед доранд, ки онҳо низ ҳарчи зудтар озод мешаванд.

Рӯзи гузашта низ шаш созмони ҳуқуқӣ дар муроҷиати якҷоя аз мақомоти тоҷик хоста буданд, ки наздикону пайвандон, аз ҷумла падару модарони онҳое, ки дар тазоҳуроти рӯзҳои 28-ум ва 29-уми сентябри соли ҷорӣ дар Олмон ширкат карда буданд, гуноҳе надоранд ва бояд ҳарчи зудтар онҳо озод карда шаванд.

Ҳамчунин дар ин муроҷиати шаш созмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон даъват шуда аст, ки барои озод кардани шаҳрвандони бегуноҳ чораҳои фаврӣ, воқеӣ ва зарурӣ андешанд.

То ҳол мақомоти тоҷик дар бораи ин боздоштҳои густарда ва шиканҷаи боздоштшудаҳо шарҳи расмӣ надодааст. Вале мухолифон мегӯянд, ки ин ҳама таъқибу боздошти наздиконашон маҳз ба хотири фишор овардан болои онҳост.

Ба гуфтаи худи мухолифон ва фаъолон, мақомоти кишвар вақти боздошти пайвандонашон гуфтаанд, ки чаро онҳо президентро диктатор гуфтанд ва мошинашро бо тухм заданд? Мақомот болои онҳо фишор меоранд, ки ба наздикони дар хориҷбудаашон муроҷиат бигӯянд ба кишвар баргарданду бахшиш пурсанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон баъд аз тазоҳуроти мухолифон дар шаҳри Берлин ва бо тухм задани мошини ҳомили Эмомалӣ Раҳмон, даҳҳо нафар аз пайвандони дуру наздики аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24, Паймони миллии Тоҷикистон ва фаъолони дигарро боздошт карда бо худ бурдаанд, ки то ҳол аз баъзеи боздоштшудаҳо хабаре нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.

Эҳзори сафири Исроил дар Иморот

Давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатар сафири Исроил дар ин кишварро эҳзор кард.

Ҳимоятгари ҳукумат бо зоҳири исломӣ ба фиреби мардум машғул аст?

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фиребу қаллобии як мубаллиғ ва ҳимоятгари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо номи Оятуллоҳ Гилаев шикоят мекунанд.

Лукашенко 52 зиндонии сиёсии дигарро озод кард

Мақомоти Беларус 52 маҳбуси сиёсиро, ки миёнашон 14 хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Британияи Кабир, Фаронса, Литва, Латвия, Лаҳистон ва Олмон низ ҳастанд, озод кард.