Ҳалокати беш аз 2 ҳазор нафар дар пайи заминларзаи шадид дар Афғонистон

Рӯзи шанбе, 7-уми октябри соли ҷорӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон заминларзаи шадиде қисмати шимолу ғарбии Афғонистонро такон дод.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар пайи ин заминларза дар вилояти Ҳироти Афғонистон садҳо нафар ҷон бохта, хонаҳои зиёде харобу валангор шудаанд.

Созмони заминшиносӣ ва зилзиласанҷии Амрико гузориш дод, ки маркази зилзила дар вулусволии Зиндаҷони вилояти Ҳирот буда, он 6,3 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст.

Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯзи якшанбе бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки шумори ҳалокшудагон бар асари ин заминларза ба 2 ҳазору 53 нафар ва шумори захмиён ба 2 ҳазору 240 нафар расид.

Аммо Ройтерз дар гузорише аз қавли сухангӯи Вазорат ҳаводиси Афғонистон шумори қурбониёнро беш аз 9 ҳазор нафар гуфта буд. Бархе расонаҳо мақомоти Толибонро муттаҳам кардаанд, ки омори дақиқро дар ин маврид ироа намекунанд.

Дар ҳамин ҳол Ҳилоли Аҳмари Афғонистон дар гузорише гуфта, ки рустоҳои “Сиёҳоб, Синҷӯ ва Кушкак” дар вулусволии Зиндаҷони вилояти Ҳирот “ба таври комил” тахриб шудаанд.

Ҳамзамон Дафтари ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи шанбе бо нашри гузорише гуфт, ки 465 хона танҳо дар ҳашт рустои вулусволии Зиндаҷон ба таври комил аз байн рафта ва 135 хонаи дигар қисман осеб дидаанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бар асари ин заминларзаи мудҳиш беш аз 6 ҳазор нафар осеб дидаву овора шудаанд. Ин созмон мегӯяд, 300 хонавода ба таври комил хонавҳои худро тарк карда, дар сохтмонҳои матрукаи шаҳри Ҳирот сокин шудаанд.

Нураҳмад Исломҷор, волии Ҳирот рӯзи якшанбе ба расонаҳо гуфт, “дар пайи ин зилзила шумори зиёде аз ҳамвататнони мо дар вулусволии Зиндаҷон шаҳид шуданд ва шумори захмиён низ зиёд аст. Вале он чизе, ки ҳоло барои мо зарур аст, ҳарчи тезтар фароҳам кардани давову ғазо ба осебдидагон аст.”

Ин мақомои Толибон дар Ҳирот омори дақиқе аз қурбонинёни зилзиларо ироа накард, вале ӯ хостори расондани кумакҳои фаврӣ ба осебдидагон зилзила шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шумори қурбониёни ҷанги Ғазза баъд аз эълони оташбас аз 1300 кас гузашт

Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард, ки дар 24 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои Исроил 7 кас кушта шуда ва 30 захмии дигар ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.

Раҳмон дар паради низомӣ аз афсарону сарбозон чӣ хост?

Дар майдони "Истиқлол"-и пойтахт рӯзи 7-уми сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон паради низомӣ баргузор гардид.

Аврупо мехоҳад муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кишварҳои сеюм ихроҷ кунад

Баъзе кишварҳои аврупоӣ талош доранд, то охири соли ҷорӣ бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси марказҳои бозгардонии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба созиш бирасанд.

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?