25-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Воронеж рэпсаро ва миллатгарои рус Миша Маваши (Михаил Ниц), дар синни 41-солагӣ даргузашт.
Дар бораи марги ӯ яке аз ҳамсафонаш Александр Лебедев хабар дода, гуфтааст, ки ӯ бар асари як ҳодисаи нохуш фавтидааст. Сабаби дақиқи марги ӯ ҳанӯз расман эълон нашудааст ва мақомоти тафтишотии Русия қазияро таҳқиқ дорад.
Миша Маваши муассиси ҷунбиши рости ифротӣ ва миллатгарои “Северный человек” буд, ки зери ҳимояи манфиатҳои русҳо бештар ба фаъолияти зидди муҳоҷирӣ машғул буд.
Ӯ дар охири солҳои 2000 ба фаъолияти мусиқӣ оғоз карда, дар аввали солҳои 2010 ҳамчун рэпсаро маъруф шуд. Дар таронаҳои ӯ бештар мавзуъҳои варзиш, тарзи ҳаёти солим, интизом ва ватандӯстӣ ҷой доштанд, аммо бо гузашти вақт ӯ бештар ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ рӯ оварда, мавқеи миллатгароёна ва зидди муҳоҷиратии худро ошкоро баён мекард.
Соли 2022 Маваши ҷунбиши “Северный человек”-ро таъсис дода, тибқи иттилои расмии ин созмон, аз ҳадафҳои он таблиғи фарҳанг ва суннатҳои русҳо ва дигар халқҳои славянӣ, ҳифзи арзишҳои суннатӣ ва тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон будааст. То соли 2025 созмон дар даҳҳо шаҳри Русия фаъолият доштааст.
Аммо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маваши ва ҷонибдоронаш мубориза бо муҳоҷират буд. Худи ӯ мегуфт, ки фаъолияти ҷамъиятияш пас аз он оғоз ёфт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба қазияҳое таваҷҷуҳ кард, ки ба иддаои ӯ, дар онҳо муҳоҷирон нисбати русҳо ҷинояте анҷом додаанд. Ва ӯ ин масъалаҳоро борҳо ҳамчун далели зарурати тағйири сиёсати муҳоҷиратии Русия пешниҳод кардааст.
Маваши соли 2023 дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ) низ дар бораи муҳоҷират суханронӣ карда, сиёсати муҳоҷиратии Русияро “ноком”, “идоранашаванда” ва “сарбаста” номида буд. Ӯ изҳор дошта буд, ки муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бисёр ҷойҳо нисбат ба аҳолии маҳаллӣ имтиёзи бештаре доранд. Маваши ҳамчунин иддао карда буд, ки агар раванди муҳоҷират идома ёбад, дар оянда шумори русҳо коҳиш хоҳад ёфт.
Ҷонибдорони ӯ низ дар амал бар зидди муҳоҷирон фаъолият карда, намояндагони “Северный человек” дар чанде аз минтақаҳои Русия ҳамроҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар рейдҳои зидди муҳоҷирон ғайриқонунӣ иштирок кардаанд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Реутови вилояти Москва фаъолони созмон дар рейди зидди муҳоҷирон ширкат карда, ба гуфтаи Маваши, дар натиҷаи ин амалиёт беш аз 250 шаҳрванди хориҷӣ боздошт шуданд.
Дар соли 2024 низ фаъолони “Северный человек” дар вилояти Москва дар як рейд алайҳи муҳоҷирони корӣ ҳамроҳ бо мақомоти қудратӣ иштирок карданд.
Мавқеи Маваши ва фаъолияти созмони ӯ миёни ҳуқуқшиносон ва фаъолони ҳуқуқи инсон низ мавриди баҳс қарор гирифта буд. Ҳатто Валерий Фадеев, раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони назди Президенти Русия, қаблан аз он интиқод карда буд, ки фаъолони чунин созмонҳо дар баъзе ҳолатҳо вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба уҳда мегиранд ва дар рейдҳо алайҳи муҳоҷирон иштирок мекунанд.
Дар баробари ин, фаъолияти ҷунбиши таъсисдодаи Маваши бо чанд қазияи баҳсбарангез низ расонаӣ шуда, соли 2023 фаъолони ҷунбиш дар шаҳри Перм як наврасро, ки дар нобуд кардани нишони мазҳабӣ иштирок карда буд, пайдо намуда, ӯро мавриди латукӯб қарор додаанд ва маҷбур кардаанд, ки узрхоҳӣ кунад. Дар қазияи дигар, баъди он ки Маваши таваҷҷуҳи пайравонашро ба наворе аз муноқишаи ду наврас ҷалб кард, ки яке аз онҳо арманиасл буд, ба гуфтаи расонаҳо, ба хонаводаи кӯдак таҳдидҳо расидааст.
Дар солҳои охир Маваши ҳамчунин аз сиёсати Кремл ва ҷанги Русия алайҳи Украина пуштибонӣ карда, барои низомиёни рус маблағ ҷамъоварӣ кардааст ва ба минтақаҳои ишғолшудаи Украина низ сафар кардааст. Соли 2025 Додгоҳи шаҳри Виннитсаи Украина ӯро ғоибона ба ҳашт соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард.
