Корхонаҳои вилояти Гроднои Беларус омодаанд муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро бо маоши моҳонаи аз 750 то 1200 доллар ва ҷойи зист ба кор қабул кунанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 23-юми октябр бо нашри матлабе хабар дод, ки директори муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” Ҷамолиддин Раҷабов бо чанд корхона дар вилояти Гроднои Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ имзо кардааст.
Ба иттилои манбаъ, директори агентӣ ва сармутахассиси он дар ҷараёни сафар ба Гродно бо намояндагони мақомоти вилоят ва беш аз даҳ ширкат гуфтушунид кардаанд. Созишномаҳо ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор пешбинӣ мекунанд.
Дар гуфтушунидҳо “…масъалаҳои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳо гуногун аз ҷумла: сохтмон, хоҷагии қишлоқ, насоҷӣ, истеҳсолот, саноати вазнин, хизматрасонӣ ва нақлиёт бо зиёда аз 10 ширкатҳо гуфтушунид ва шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуд“.
Тибқи иттилои вазорат, маоши моҳонае, ки ин корхонаҳо ба коргарони тоҷик ваъда кардаанд, аз 750 то 1200 доллар хоҳад буд. Корфармоёни беларусӣ ҳамчунин ваъда додаанд, ки онҳоро бо ҷойи зист таъмин мекунанд.
Бо вуҷуди ин, дар хабар шумораи ҷойҳои корӣ, муҳлати оғози ҷалби коргарон ва ҷузъиёти шартномаҳо зикр нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки маблағи эълоншудаи маош пеш аз тарҳи андозу дигар пардохтҳо ҳисоб шудааст ё баъд аз он ва ҷойи зист ройгон хоҳад буд ё пулакӣ.
