Занозании муҳоҷирон дар анбор ба марги як нафар анҷомид

Дар вилояти Маскави Русия миёни кормандони анбори мағозаи “Wildberries” занозанӣ рух дод, ки дар натиҷа як муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин муноқиша рӯзи 13-уми ноябри соли ҷорӣ аввал миёни ду коргар Минкаил А.-и 23-сола ва Олимҷон А.-и 28-сола сар мезанад ва баъдан панҷ нафари дигар ба он занозанӣ ҳамроҳ мешаванд.

Аммо дар наворҳои нашршуда аз ин занозанӣ, ки ҳамагӣ чанд сония аст, дида мешавад, баъд аз баҳси лафзӣ як нафар ба назди нафари дувумӣ рафта ӯро бо мушт мезанад ва коргарони дигари ин анбор онҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

Дар вақти ҷудо намудан, коргаре нафари латтукӯбшударо, ки расонаҳо аз ӯ Олимҷон ном мебаранд ба дигар тараф мебарад, аммо Олимҷон ба замин меафтад ва ҳамон лаҳза дар гирдаш нафарони зиёд ҷамъ мешаванд.

Шабакаи телеграмии “Радовка” менависад, ки баъд аз ин занозанӣ Олимҷонро ба бемористон бурдаанд, аммо табибон натавонистанд ҷони ӯро наҷот диҳанд. Тибқи баъзе хабарҳо, ин ҷавон ба далели мушкилоти саломатиаш даргузаштааст ва зарбаҳои мушту лагад вазъи саломатии ӯро бадтар кардааст.

То ҳол сабаби аслии ин муноқиша маълум нест, аммо баъзе расонаҳои русӣ менависанд, ки занозанӣ барои кадом ашёе сар задааст.

Гуфта мешавад, ки Минкаил қаблан барои дуздӣ, ки бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби як гурӯҳи шахсон содир шудааст, маҳкум ба зиндон шуда буд.

Бояд қайд кард, ки дар анбори мағозаи “Wildberries” асосан муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон кор мекунанд ва ба иттилои баъзе расонаҳои русӣ, Олимҷони кушта шуда шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Аммо ҳоло ин маълумот расман аз ҷониби мақомоти ин кишвар таъйид нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шумори қурбониёни ҷанги Ғазза баъд аз эълони оташбас аз 1300 кас гузашт

Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард, ки дар 24 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои Исроил 7 кас кушта шуда ва 30 захмии дигар ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.

Раҳмон дар паради низомӣ аз афсарону сарбозон чӣ хост?

Дар майдони "Истиқлол"-и пойтахт рӯзи 7-уми сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон паради низомӣ баргузор гардид.

Аврупо мехоҳад муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кишварҳои сеюм ихроҷ кунад

Баъзе кишварҳои аврупоӣ талош доранд, то охири соли ҷорӣ бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси марказҳои бозгардонии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба созиш бирасанд.

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?