Парвандаи гумонбарони қатли Исматуллоев ба додгоҳ фиристода шуд

Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи гумонбарон дар қатли муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро пас аз поёни таҳқиқ ба Додгоҳи олии кишвар фиристод.

Як манбаъ аз Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми ноябр тасдиқ карда, ки парвандаҳоро дастрас кардаанд, вале то ҳол рӯзи баррасии мурофиаҳо эълон нашудааст. Аммо, ба гуфтаи манбаъ, “Аввали моҳи декабр шурӯи мурофиаҳои додгоҳӣ дақиқ хоҳад шуд.”

Гуфта мешавад, мақомот то ҳол 14 нафарро бо гуноҳи даст доштан дар ҷинояти рабудану қатли муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” боздошт кардааст. Аммо, раванди мурофиаҳо пушти дарҳои боз мегузарад ё баста марълум нест.

Ин дар ҳолест, ки 24-уми ноябри соли ҷорӣ Додситонии кулли Тоҷикистон дар посухи катбӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд: “пас аз тафтиши пурра ва холисонаи ҳолати кор парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 14 айбдоршаванда, аз ҷумла Саидмуродов Дилшод (Маъруф ба Дилшоди СБ) санаи 18.11.2023 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди олии Тоҷикистон ирсол карда шуд.”

Ёдовар мешавем, ки 23 июни соли 2023 хабари рабуда шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев расонаӣ шуд. Ин хабар аз ҳама хабарҳои пурсарусадо дар соли ҷорӣ буд. Мақомот пас аз ҷустуҷӯи зиёд 12-уми август тавонистанд ҷасади Шуҳратро аз мавзеи Саразми Панҷакент пайдо кунанд.

Мақомот дар робита ба рабудан ва куштани Шуҳрат, Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Рустам Ашӯров, ки баъдан дар фурӯдгоҳи Молдова кушта шуд, Шоҳрух Хӯҷаев, Бахтовар Сафаров ва чанд нафари дигарро гумонбар дониста, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушод. То ҳол назари гумонбарон дастраси расонаҳо нашудааст ва маълум нест то куҷо ба даст доштани худ дар ин ҷиноят эътироф мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Миша Мавашии муҳоҷирбадбин даргузашт

25-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Воронеж рэпсаро ва миллатгарои рус Миша Маваши (Михаил Ниц), дар синни 41-солагӣ даргузашт.

Корхонаҳои белорусӣ муҳоҷирони тоҷикро ба маоши баланд ваъда карданд

Корхонаҳои вилояти Гроднои Беларус омодаанд муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро бо маоши моҳонаи аз 750 то 1200 доллар ва ҷойи зист ба кор қабул кунанд.

Тағйироту ҷойивазкуниҳои Раҳмон дар вазорату идораҳо

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро гузаронд.

Аз Бразил то Сербистон: вақте овози мардум ҳокимиятро дигаргун мекунад

Дар охири ҳафтаи сипаригашта интихобкунандагони ду кишвар нишон доданд, ки сандуқи раъй ҳанӯз метавонад сарнавишт ва ояндаи сиёсии кишварро тағйир диҳад.