25.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ мегӯяд, буҷет кам ворид шудааст, сарвазираш баракс мегӯяд. Киро бовар кунем?

Рӯзи 24-уми январи соли ҷорӣ ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон бо сардории Эмомалӣ Раҳмон ва ҳузури тамоми аъзо ва сохторҳои ҳукуматӣ ва ғайри он баргузор гардид.

Дар ин маҷлис гузориши вазирон ва раҳбарони идораву корхонаҳои кишвар аз ҷамъбасти соли 2023 шунида шуд ва худи Эмомалӣ низ як гузориши муфассале дар ин бора ба ҳозирин иро кард.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки “Соли 2023 аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилотҳо дар самти хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ба як қатор камбудиҳо роҳ дода шудааст.”

Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки санҷишҳои Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавриди истифодаи маблағҳои буҷетӣ нишон додаанд, ки танҳо дар соли 2023, 672 миллион сомонӣ аз ҷониби мақомдорон ба қавле “обу лой” шудааст ва ӯ ин миқдор коррупсияро “хеле ташвишовар” хонд.

Эмомалӣ дар идомаи суханронияш афзуд, ки аз ин маблағ ба буҷет 504 миллион сомонияш барқарор карда шудааст. Яъне дуздон пайдо ва маблағ ситонида шудааст. Аммо боқӣ чанд миллион сомонии пули буҷет куҷо шудааст, маълум нест.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, илова бар ин, дар ҳамин соли гузашта санҷиши ҷудогонаи мақомоти додситонии кишвар зарари молиявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 461 миллион сомониро ошкор кардааст.

Гуфтанист, ҳоло ба иқрори худи Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар як соли гузашта беш аз 1 милларду 130 миллион сомонӣ пули буҷети кишвар дуздида шудааст, вале ӯ нагуфт, киҳо бо иттиҳоми дуздии буҷети давлатӣ боздошт ва ё зиндонӣ шудаанд.

Агарчи Эмомалӣ иброз дошт, 461 миллион сомоние, ки тадқиқоти додситонӣ ошкор кард, он пурра ба буҷет баргардонида шудааст, аммо ӯ тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетиро муваззаф кард, ки “камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф” кунанд ва маблағҳои буҷетиро самарнок истифода баранд, яъне ба қавли мардум, дуздӣ накунанд.

Эмомалӣ бо ибрози нигаронӣ гуфт, ки “дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, 9 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, аксари шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои намудҳои алоҳидаи андоз таъмин нагардидааст, ки аз ин ҳисоб беш аз 200 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид нашудааст.”

Дар ҳоле раисҷумҳур аз камбуди буҷети давлатӣ аз ҳисоби андоз ва дигар ҳисобҳо дар ҷалсаи васеи Ҳукумат ибрози нигаронӣ дорад, ки Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар ҳамин маҷлис гуфт: “Соли 2023 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 43,2 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.”

Яъне, дар як маҷлис Эмомалӣ аз норасоии буҷети давлатӣ то 200 миллион сомонӣ шикоят дорад ва ҳукуматдоронро муваззаф мекунад, ки аз буҷет кам ва бо самар истифода баранд, сарвазираш мегӯяд, буҷет 1,5 миллард сомонӣ аз нақша барзиёд иҷро шудааст.

Ҳама медонад, ки сарчашмаи асосии даромади буҷети давлатӣ ин андоз аст, модом ки, ба гуфти Эмомалӣ, 200 миллон сомонӣ аз ҳисоби андоз кам ворид шуда бошад, ин 1,5 миллиарди зиёдатӣ аз кадом роҳ ба буҷети кишвар ворид шудааст? Ин ҷо кӣ рост мегӯяд ва кӣ дурӯғ? Киро мардум бовар кунанд?

Ба гуфтаи бархе коршиносон, яке аз сабабҳои таноқузгӯии раҳбарони сатҳи болоӣ ва он ҳам дар як маҷлис баёнгари ноҳамоҳангии гузароишгарон ва аз ҳама муҳим изофанависӣ ва тақдими гузоришҳои бардугӯғи мақомот мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Душанбе раҳбари “Грурӯҳи 24”-ро муҳокима мекунанд

Имрӯз дар Душанбе додгоҳе раҳбари рабудашудаи Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" Суҳроби Зафарроро муҳокима карданд.

Зубайдуллоҳи Розиқ аз бемористон мураххас шуд

Зубайдуллоҳи Розиқ, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз бемористони Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноӣ мураххас шудааст.

Раҳмон бо фарзандонаш дар Данғара чанд мактабу боғчаро ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Рамҳон, рисҷумуҳри худкомаи Тоҷикистон дар доираи як сафари корӣ ба ноҳияи Данғара рафтааст.

33 миллион доллар хисорат аз фасод

Дар як соли ахир Тоҷикистон аз мансабдорони фасодкор ба маблағи 347 миллион сомонӣ (ҳудуди 33 миллион доллар) хисорот дидааст.