7.9 C
Dushanbe

Раҳмон бо фарзандонаш дар Данғара чанд мактабу боғчаро ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Рамҳон, рисҷумуҳри худкомаи Тоҷикистон дар доираи як сафари корӣ ба ноҳияи Данғара рафтааст.

Ин сафари Раҳмон ба Данғара пас аз сафари Остона, ки дар торихи 17 – 18-уми ин моҳ cурат гирифта буд, анҷом меёбад. Раҳмон аз Остона бо ду дадсти холӣ баргашт дар ҳоле ҳамтоёни узбек ва қазоқаш аз 9 то 55 миллиард доллар бо Олаф Шолтс қарордоҳо имзо карданд. 

Пеш аз сафари Остона Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт буд ва дар онҷо чанд мактаби сохтаи соҳибкоронро ифтитоҳ кард. Аммо ба фарқ аз сафари ноҳияи Рашт дар сафари Данғара Раҳмонро писараш Рустами Эмомалӣ ва наберааш Исмоили Маҳмадзоҳир ҳамроҳӣ доранд.    

Раисҷумҳур дирӯз 19-уми сентябр дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифов бинои нави таълимии №86-ро, ки барои 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор додааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар деҳаи Булёни Поёни ноҳияи Данғара Раҳмону Рустам  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.

Ҳамчуини Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шарифов Кӯдакистонеро ифититоҳ карданд, ки  барои 100 нафар пешбинӣ шуда ва дар он 10 нафар мураббия кор хоҳад кард. 

Дар аксҳое, ки Хадамоти матбуоти расиҷумуҳур нашр кардааст, дида мешавад, ин боғчаро Раҳмон бо писараш Рустам ва наберааш Исмоил итфтиоҳ мекунанд.

Гарчанде ҳамаи ин биноҳо аз ҷониби соҳибкорон сохта шудаанд ва Раҳмон бо ҳукуматаш дар сохти биноҳо нақше надорад, аммо Хадамоти раисҷумуҳур инро “иқдому ташаббусҳои созандаи” худи Раҳмон унвон кардааст. Вале номи соҳибкороне, ки ин макатабҳоро сохтаанд, зикр карда нашудааст. 

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳабатҳои ахираш пайваста аз мардум талаб дорад, ки дар ободонии кишвар саҳм дошта бошанд. Ахиран ӯ чанд маротиба ҳаҷравии сокинонро зери интиқод гирифт ва талаб кард ҷои он роҳу маткаб бунёд намоянд.

Ба назари бархе мунтақидон, Раҳмон дар ҳоле аз марудм ободкориро талаб мекунад, ки аксари хонаводааш дар кишвар тиҷоратҳои бузург ва мансабҳои болоро соҳиб шудаанд, вале то ҳол кадом хабаре аз сохтани мактаб аз сӯи пайвандони Президент расонаӣ нашудааст. Раҳмон ахиран андози қудояш Бег Сабурро бо ҳаҷми 13 милион доллар бахшид ва барои худаш ба маблағи 93 милион доллар ҳавопаймо харида аст. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Талаби 17 соли зиндон барои як рӯзноманигори дигар

Додситон аз додрас барои бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов ва рӯзноманигор...

Оё бо омадани Трамп ҷанги Русияву Украина хотима меёбад?

Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрикон ба Владимир Путин дар робита ба ҷанг дар Украина ҳушдор дод.

Тошиев: Созишномаи баҳсҳои марзӣ ба зудӣ аз ҷониби президентҳо имзо мешавад

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, созишнома дар бораи муайянсозии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то ҷашни Наврӯз аз ҷониби президентҳо ба имзо мерасад.

Ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир аз Санкт-Петербург

Дар соли 2024 танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия зиёда аз 8 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудаанд.