27.9 C
Dushanbe

33 миллион доллар хисорат аз фасод

Дар як соли ахир Тоҷикистон аз мансабдорони фасодкор ба маблағи 347 миллион сомонӣ (ҳудуди 33 миллион доллар) хисорот дидааст.

Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҷаласаи 9-уми Шӯрои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия хабар дод.

Ба иддаи Султонзода, бо талошҳои ниҳодҳои қудратӣ беш аз 333 миллион сомонӣ ё ҳудуди 32 миллион доллари ин маблағ ба будҷаи давлат баргардонида шудааст.

Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ширкат кардаанд. Додситони кулли Русия Игор Краснов иддао кардааст, ки ин нишаст имкон медиҳад, ки бо фасод дар кишварҳои ширкаткунанда муборизаи муассиртар кунад.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки фасод ва ришва дар тамоми соҳаҳои кишвар чунон афзоиш ёфтааст, ки пеши ин ҷиноятҳоро гирифтан маҳол аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ин тарзи муомиларо худи ҳамон мансабдор вақти гирифтани мансабаш дидааст, яъне мансабро бо додани пул харидааст ва ӯ низ ин корро идома хоҳад дод. Пас ба ҳамин тариқ решаи ин кор рафта рафта ба нафарони асосии кишвар мерасад, ки маҳви он аз ыониби зердастон аз имкон дур аст.

Дар гузориши Созмони Шафофияти байналмилалӣ (Transparency International) барои соли 2023 ҳам Тоҷикистон бо ба даст овардани ҳамагӣ 20 имтиёз дар байни 180 кишвари дунё нисбат ба соли 2022 4 зина пойин рафта, дар баробари Афғонистону Бурунди, Судону Мянмар ва чанд кишвари дигар мақоми 162-умро ишғол карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.