13.9 C
Dushanbe

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Гуфта мешавад, ин масҷид рӯзи сешанбеи 16-уми апрел дар пайи эътирози мардуми маҳал тахриб шудааст. Ба иттилои пойгоҳи “Islam News”, баҳси тахриби масҷид байни фаъолони миллатгаро ва Ҷамъияти мусалмонони Троитск се сол боз идома дошт ва инак бо тахриби масҷид баҳси онҳо низ хотима ёфт.

“Сокинони Троитск се сол боз ба муқобили масҷид мубориза мебурданд, ба маъмурияти шаҳр Владимир Дудочкин ва раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин сокинон шикоятҳои зиёде навиштаанд. Дар натиҷа, бо фармони раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин сохтмон ғайриқонунӣ эълон ва вобаста ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуд.” – омадааст хабар.

Гуфта мешавад, сокинон иддао кардаанд, ки пас аз ифтитоҳи масҷид дар ин минтақа мизони ҷинояткорӣ афзоиш ёфта, волидайн аз берун баровардани фарзандони худ метарсанд ва ба сабаби ҷамъ шудани мошинҳои намозхонон, бахусус рӯзҳои ҷумъа, роҳбандӣ ба вуҷуд меояд.

Имоми ин масҷид дар суҳбат ба расонаҳо гуфта, ки дар ин гирду атроф мардуми мусалмони зиёд зиндагӣ мекунанд, ки аксари онҳо мардуми Қафқоз ва зодагони худи Русия ҳастанд. Имом таъкид карда, ки акнун баъди тахриби ин масҷид, аз ҳама наздиктарин масҷиде, ки мусалмонон бояд рафта ибодатҳояшонро анҷом диҳанд ба мошин 1 соату 20 дақиқа роҳ аст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан муфтии Маскав Илдар Аляутдинов изҳори умедворӣ карда буд, ки масҷиди бунёдкардаи мусулмон дар Троитск тахриб нахоҳанд шуд, зеро ба гуфтаи ӯ дар ин минтақа масоҷид, намозгоҳҳо ва марказҳои фарҳангиву маърифатӣ вуҷуд надорад ва будани ин масҷидро зарур хонда буд.

Ҳамзамон муовини раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, муфтии вилояти Маскав Рӯшан Аббясов низ дар бораи камбуди шадиди масоҷид дар пойтахти Русия дар соли 2021 изҳори назари нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи Аббясов, масҷидҳо дар Маскав, ҳатто барои мусулмонони таҳҷоӣ, ба ғайр аз муҳоҷирон, кофӣ нестанд. Аксарияти мусулмонони Маскав ҳатто наметавонанд дар намози ҷумъа ва намозҳои ид ширкат кунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, дар пойтахти Русия шаҳри Маскав, ки 13 миллон аҳолӣ дорад, ҳамагӣ 4 масҷиди ҷомеи бузург вуҷуд дорад, ки ин миқдор барои тақрибан то 3 миллион мусулмон басанда нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Музокироти Амрико ва Эрон чӣ натиҷа медиҳад, ҷанг ё сулҳ?

Гуфтушунидҳои ғайримустақим байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар ҳоли ҳозир дар ҳолати ҳассос қарор доранд.

Дидору гуфтугӯҳои ҳайати ПМТ бо мақомоти расмии Литва

Ҳайати ПМТ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ зимни як сафарии кории серӯза дар шаҳри Вилнюси Литва бо мақомоти расмӣ, расонаҳо ва тоҷикони ин кишвар дидор доштанд.

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Microsoft ва Google дар самти ИИ 

Дар Ҳиндустон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо намояндагони ширкатҳои “Google DeapMind” ва “Microsoft” дар самти зеҳни сунъӣ дидор кард.

Боз як узви фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Туркия боздошт шуд

Фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" Фирӯз Бобоев (маъруф ба Зайд Бобоев) боз аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт шуд.