41.9 C
Dushanbe

Хуросонӣ: Рустами Эмомалӣ барои ноамн сахтани Афғонистон талош дорад

Абдулҳамид Хуросонӣ, яке аз қумандонҳои тоҷиктабори Толибон дар як изҳороте Рустами Эмомалӣ, писарбузурги Эмомалӣ Раҳмонро ба даст доштан дар ноамн сохтани Афғонистон муттаҳам кард.

Ин қумандони тоҷиктабори Афғонистон, ки тайи наздик ба се соли ахир хеле аз мавзеъгириҳояш баҳсбарангез аст, ин дафъа дар пайи суханони Рустами Эмомалӣ, ки гуфт, Афғонистон бо раҳбарии Толибон ба “маркази терроризм” табдил шудааст, вокуниши сахт кард.

Ӯ иддао кард, ки дар сафари ахираш ба Узбекистон маъмурони истихборотии Тоҷикистон бо ӯ мулоқот карда, барои террори мақомоти Толибон маблағ пешниҳод кардаанд. Ӯ мегӯяд, шахсе бо номи Айнуддин ҳамроҳи як нафари дигар наздаш омада, “пешниҳоди мустақими онҳо барои террори афроди муҷоҳидини Иморати исломӣ ва теъдоди бештаре аз ҳамватанони мо ва ноамн сохтану инфиҷору террор ва аъмоле, ки бар зидди манофеи Иморати исломӣ буд.”

Ӯ ҳамчунин таъкид мекунад, ки “шахси худи Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ноамн сохтани Афғонистон ва террору ба қатл расонидани мардуми Афғонистон дасти мустақим дорад.”

Пеш аз ин Абдуҳамид Хуросонӣ дар навори дигаре гуфта буд, ки бархе кормандони мақомоти амнияти Тоҷикистон ҳангоми дар Узбекистон қарор доштанаш бо ӯ мулоқот карда, аз вай хоста буданд, ки дар баробари гирифтани пул дасти кам чор нафар аз тоҷикистониҳое, ки дар Афғонистон ҳузур доранд, ба қатл бирасонад, вале ӯ ба онҳо ҷавоби рад додааст.

Вай бидуни он ки далел ва ё санадеро барои ин иддаоҳои худ ироа кунад, гуфт, ки аз ин мулоқот ва пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон “Мо аснод дорем, садо дорем, аксҳо ва нақшаҳояшонро ҳам дорем…”

Ҳамзамон Абдусалом Ҳанафӣ, муовини идораи Раёсати ҳукумати Толибон низ, дирӯз дар суханроние дар Донишгоҳи Кобул мақомоти Тоҷикистонро мавриди хитоб қарор дода, гуфт: “Онҳо дар бораи исломҳаросӣ он қадар ифрот мекунанд, ки мегӯянд, то ки ришсафед нашудӣ ба масҷид нарав, номи ту исломӣ набошад, як зани мусалмон як дастмол бар сар надошта бошад. Ифротигарии онҳо сабаб шудааст, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои мухриби дигар вобаста шаванд.”

Ин намояндаи Толибон зимни идомаи суханронияш таъкид кард, ки “мо як бори дигар ба ҳамсояҳои худ итминон медиҳем”, ки аз хоки Афғонистон ба касе хатаре таҳдид намекунад ва афзуд, “мехоҳем, ки бо ҳама кишварҳои минтақа ва фароминтақа мусолиматомез зиндагӣ кунем ва бо ҳам эҳтироми мутақобил дошта бошем.”

Гуфта мешавад, ин изҳороти тунди намояндаҳои Толибон дар ҳоле садо медиҳанд, ки ду рӯз пеш аз ин Рустами Эмомалӣ, писарбузури Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоише Афғонистонро ба макони парвариши террористҳо муттаҳам карда гуфта буд, мадрасаҳои динӣ дар Афғонистон “ҷиҳодгарони интиҳорӣ”-ро омӯзиш медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.