8.9 C
Dushanbe

Боз $400 млн-и дигар барои сохтмони Роғун

Фонди рушди арабӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 400 миллион доллари дигар ҷудо мекунад.

Рӯзи душанбе, 10-уми июни соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот кард.

Бино ба иттилои “Ховар”, дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкорҳои Тоҷикистону ин бонк дар доираи Стратегияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026, Созишнома бо Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории Савдо ва Барномаи “Дастгирии стратегияи миллии рушди маориф” гуфтаанд.

Инчнуин Раҳмон ва Ал-Ҷассер дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим истифода аз “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” дар соҳаҳои гуногуни иқтисодро зарур шумурдаанд.

Пас аз ин мулоқот доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба расонаҳо гуфтааст, ки аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қаноатманд буда, Фонди рушди Арабӣ барои сохтмони “Роғун” 400 миллион доллари дигар ҷудо хоҳад кард.

Бонки исломии рушд барои татбиқи даҳҳо лоиҳаҳо дар Тоҷикистон то имрӯз беш 916 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст ва ҳоло аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон солона садҳо миллон сомонӣ барои сохтани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳисоби буҷети давлатӣ харҷ намуда, садҳо миллиони дигар аз созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ дарёфт мекунад.

Ичнунин пештар аз ин дар солҳои 2009-2010 Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷалби сохторҳои интизомӣ ва қудратӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ аксари мардумро маҷбур карда буданд, ки бо хардини саҳмияҳои НБО “Роғун” ба ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд ва фоидаи саҳмияҳои харидаашонро дасти кам баъд аз 2-3 сол ба даст меоранд. Аммо бо гузашти беш аз 10 сол касе аз саҳимҳои худ фоида нагирифт ва Ҳукумат Тоҷикистон ҳам дигар ба ин қазия барнагашт.

Бояд гуфт, ки аксар ширкатҳои сохмонӣ, ки ба корҳои нақбканӣ ва васл кардани таҷҳизоту дигар корҳои муҳим дар ин иншоот машғул ба кор ҳастанд, мутаалиқ ба наздикону пайвандони худи Эмомалӣ Раҳмону дигар мақомдор мебошанд ва бо вуҷуди дарёфти қарзҳо ва грантҳои ҳангуфт ҳамоно мақомот мезоҳад барои сохмони ин нерӯгоҳ бештар маблағ дарёфт кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳ раҳбарони “Гурӯҳи 24”-ро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе раҳбари "Гурӯҳи 24" Суҳроби Зафар ва узви ин гурӯҳ Насимҷон Шарифовро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Раиси пулис бо иттиҳоми таҷовуз ба номус боздошт шуд

Сардори милисаи ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат аз ҷониби маъмурони Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудааст.

Русия барои муҳоҷирон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карданист

Дар Русия гирифтани иҷозаи иқомат (ВНЖ) барои муҳоҷиронро мехоҳанд...

3 шарти русҳо ба муҳоҷирони зиндонӣ

Мақомоти Русия садҳо зиндонии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистонро маҷбур...