СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, чунин миқёси бозгашт дар таърихи муосир бесобиқа арзёбӣ мешавад.

UNHCR таъкид кардааст, ки бозгашти муҳоҷирон бояд довталабона, амн ва боиззат сурат гирад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки Афғонистон ва миллионҳо бозгаштаро фаромӯш накунад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати муҳоҷирони ҳукумати Толибон хабар додааст, ки танҳо дар ҳафтаи ҷорӣ наздик ба 400 муҳоҷири афғон пас аз озод шудан аз зиндонҳои Покистон ба Афғонистон баргардонида шудаанд.

Дар солҳои охир Покистон яке аз кишварҳое буд, ки сиёсати сахттареро нисбат ба муҳоҷирони афғон пеш гирифт. Мақомоти ин кишвар ҳазорон нафарро боздошт ва садҳо ҳазор нафарро аз кишвар хориҷ карданд. Тибқи маълумоти UNHCR, танҳо дар чанд моҳи соли 2026 беш аз 400 ҳазор афғон аз Покистон ба ватан баргаштаанд ва ҳар рӯз ҳазорҳо нафари дигар низ кишварро тарк мекунанд.

Дар Эрон низ ихроҷи муҳоҷирони афғон дар солҳои 2025 ва 2026 суръат гирифтааст. Бар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, садҳо ҳазор нафар танҳо дар соли ҷорӣ аз Эрон ба Афғонистон бозгардонида шудаанд ва қисми зиёди бозгаштҳо ихроҷи маҷбурӣ будааст.

Дар Олмон низ масъалаи бозгардондани баъзе шаҳрвандони афғон, бахусус афроди маҳкумшуда ё онҳое, ки мақомот онҳоро барои амнияти ҷамъиятӣ хатарнок медонанд, дар солҳои охир баҳсҳои сиёсиро ба миён овардааст. Бо вуҷуди ин, ихроҷҳо нисбат ба Покистон ва Эрон дар ҳаҷми хеле маҳдуд анҷом мешаванд ва ҳар маврид ба таври инфиродӣ баррасӣ мегардад.

Тоҷикистон низ тайи солҳои охир даҳҳо шаҳрванди Афғонистонро аз қаламрави худ хориҷ кардааст. Дар айни замон, созмонҳои байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки бо дарназардошти вазъи башардӯстона ва ҳуқуқи инсон дар Афғонистон, ҳар гуна бозгардондани паноҳҷӯён бояд мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бо риояи принсипи бозгашти ихтиёрӣ анҷом дода шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.