Дар Русия пулис ҳам метавонад муҳоҷиронро ихроҷ кунад

Аз ин ба баъд пулиси Русия метавонад шаҳрвандони хориҷие, ки даст ба қонуншиканӣ задаанд, бидуни қарори додгоҳ аз Русия ихроҷ кунанд.

Думаи давлатии Русия бо қабули лоиҳаи қонуни нав ин ҳақро ба пулиси кишвараш хоҳад дод. Ин қонун ҳоло мавриди амал қарор нагирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир танҳо додгоҳ ва марзбонон ҳаққи ихроҷ кардани муҳоҷиронронеро, ки даст ба қонуншиканӣ мезананд, доранд.

Дар тарҳи ин қонун омадааст, “шаҳрвандои хориҷие, ки қарори ихроҷашон содир ё иҷозатномаи зисташон дар Русия бекор шудааст, то замони хориҷ шудан аз ин кишвар ҳақ надоранд:

. амволи ғайриманқул ё воситаи нақлиёт харанд;

. мошин ронанд;

. аз бонк қарз гиранд;

. издивоҷ кунанд;

. ҳисоби бонкӣ кушоянд;

. дар як моҳ зиёда аз 30 ҳазор рубл харҷ кунанд;

. озодона дар ҳудуди Русия ҳаракат кунанд.”

Ҳамчунин дар ин тарҳи қонуни нав таъкид мешавад, ки муҳоҷирони қонуншикан вазифадоранд, ки пайваста пулисро аз ҷои истиқомати худ хабардор кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро хонандагони мактабҳои Фаронса ба кӯчаҳо баромаданд?

Эътирозҳои хонандагони мактабҳои миёна дар Фаронса, ки аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз шуданд, то ҳол идома доранд.

Дастури нави Вазорати маориф барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба сохторҳои зертобеи худ дастур дода, ки омӯзгорон ба корҳои берун аз фаъолияти таълиму тарбия ҷалб карда нашаванд.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти раҳбарони Толибонро содир кард

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) ҳукми боздошти чаҳор мақоми баландпояи Толибонро содир кард.

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд