2.9 C
Dushanbe

Ҳамлаи террористӣ дар Доғистон 20 кушта ба ҷо гузошт

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, шаби 23-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Дарбанд ва Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистон ҳамлаи террористӣ сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ҳамлагарон ба як каниса (ибодатгоҳи яҳудиён) ва ду калисои артадоксӣ ва инчунин ба як постгоҳи пулис ҳамла карданд. Дар ин ҳамлаи мусаллаҳона дасти кам 16 пулис ва 4 ғайринизомӣ, аз ҷумла роҳиб Николай куштаву ҳудуди 25 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки дар задухӯрди тулонӣ дар кӯчаҳо панҷ ҳамлаварро куштанд ва дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҳамлаварони дигар ва кумакрасонҳои онҳоро ҷустуҷӯ доранд.

То ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст ва ангезаи ҳамлагарон маълум нест.

Аммо ба навиштаи расонаҳои русӣ, дар ин ҳамлаи хунин ҳадди ақал ду писари раиси ноҳияи Сергокалински Доғистон Магомед Омаров – Усмон ва Одил Омаровҳо, инчунин бародарзодааш Абдусамад Амадзиев иштирок доштаанд. Худи Магомед Омаров пас аз ҳамла аз вазифа барканору барои “амалҳои бадномкунандаи ҳизб” аз ҳайати ҳизби ҳокими “Единая Россия” ихроҷ шудааст. Нерӯҳои амниятӣ шаби ҳамла хонаашро кофтӯкоб карда, Магомед Омаровро боздошт кардаанд.

Инчунин расонаҳо русӣ иддао доранд, ки яке аз ҳамлаварони кушташуда варзишкор Гаджимурад Кагиров ва дувумӣ Алӣ Закаригаев, собиқ раиси ҳизби “Справедливая Россия”-и Сергокалински Доғистон будаанд, вале то ҳол мақомоти рус расман номи ҳамлаваронро нашр накардааст.

Ин ҳамлаи хунин дар ҳоле дар Доғистон сурат мегирад, ки чанде пеш расонаҳои Туркия бо такя ба ниҳодҳои истихборотии ин кишвар хабар дода буданд, ки нерӯҳои ДИИШ барои анҷоми амалиёти террористӣ дар хоки Русия омода мешаванд, аммо ин ҳамлаи охирро ДИИШ то ҳол ба дӯш нагирифтааст.

Дар Доғистон рӯзҳои 24, 25 ва 26-уми июн мотами серӯза эълон шудааст. Президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар робита ба ҳамлаҳои террористӣ дар Доғистон изҳори ҳамдардӣ карданд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, то ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст, аммо котиби матбуотии президент Дмитрий Песков гуфтааст, ки Путин ба қурбониёни ҳамла дар Доғистон ҳамдардии амиқ баён дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.