17.9 C
Dushanbe

Нопадид шудани панҷ сокини Язғулом дар фурӯдгоҳи Кӯлоб

Панҷ нафар аз сокинони Язгуломи ВМКБ дар фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб нопадид шудаанд. Дар ин бора хешовандонашон ба расонаҳо дар Тоҷикистон хабар додаанд. 

Бино ба маълумоти расида, қарор буд ин 5 нафар рӯзи 19- уми июн бо хатсайри Маскав-Кӯлоб ба Тоҷикистон мерасиданд. Дар суҳбат ба Радиои Озодӣ хешовандони ғайбзадҳо гуфтаанд, ки бо тай намудани 300 километр роҳ онҳо худро барои истиқболи пайвандонашон ба Кӯлоб расонидаанд, аммо дар фурӯдгоҳ аз онҳо хабаре нест. 

Ин 5 нафар ҳафтае пеш аз сӯи пулиси Маскав дар ошхонаи тоҷикии “Лаззат” боздошт шуда буданд. Маълум нест, ки онҳоро ихроҷ кардаанд ё бо дархости мақомот дар Тоҷикистон ба Ватан истирдод шудаанд.

Мақомоти тоҷик то ҳол дар ин бора ҳеҷ изҳороте надодаанд.

Бояд гуфт, ки Azda tv рӯзи сешанбе, 21-уми июн бо такя ба манбеи худ хабар дода буд, ки моҳи майи соли ҷорӣ КДАМ бо амалиёти вежае дар Язғулом ҳудуди 30 нафар сокинонро боздошт карда, ба Душанбе интиқол додаанд. 

Ин хабар дертар аз сӯи Радиои Озодӣ таъйид шуд ва мақомот боздоштшудаҳоро ба аъзо будан дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” муттаҳам медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.