31.9 C
Dushanbe

ВКД 100 ҳазор сомонӣ мукофот медиҳад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани як нафар гумонбар ба ҷиноят дар пойтахт аз мардум кумак хостааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани як нафар гумонбаре, ки моҳи январи соли 2024 Беков Зиёвуддин, ронандаи таксиеро дар шаҳри Душанбе зада маҷрӯҳ карда буд, эълони мукофот кардааст.

Ба қавли манбаъ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки “барои муайян ва дастгир намудани гумонбари ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда, боиси ҷароҳат бардоштани ронандаи таксӣ-Беков Зиёвиддин радид, ба шахси ба мақомоти милитсия мусоидаткунанда, 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад”.

Гуфта мешавад, ин кумакхоҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки тайи чанд соли ахир мақомоти корҳои дохилӣ бо иттиҳомоти дурӯғин ва фактҳои ғайривоқеӣ алайҳи ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони кишвар парванда сохта, дар ҳамкорӣ бо судҳо онҳоро ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд. Эътимоди мардум ба милисаро дар Тоҷикистон ҳам ана ҳамин хел парвандасозиҳои дурӯғин кам кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди лоиҳаи нави “энергияи сабз” дар Тоҷикистон

Ширкатҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон талош доранд бо имзои созишнома бо Ҳукумат дар кишвар лоиҳаҳои истеҳсоли барқи офтобиро роҳандозӣ кунанд.

Ҳушдори нав ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Мақомот ба муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ҳушдор додаанд, ки ба корти бонкии шахсони ношинос маблағ нагузаронанд.

Танишҳо байни Амрико ва Эрон дар тангаи Ҳурмуз. Ҷанг боз шуруъ шуд?

Рӯзи 7-уми май расонаҳо аз рух додани даргириҳо ва табодули оташ дар тангаи Ҳурмуз  хабар доданд.

ВКД-и Русия қоидаҳои нав барои муҳоҷирон пешниҳод кард

Ҳукумати Федератсияи Русия қасд дорад то 2 миллион муҳоҷирро ҷалб намуда, низоми нави кирояи онҳоро роҳандозӣ кунад.