Ихроҷи 3400 муҳоҷир дар 6 моҳ

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ наздик ба сениюм ҳазор муҳоҷири тоҷикистониро мақомоти Русия ихроҷ кардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи чоршанбе 24-уми июл Ҳабибулло Назарзода, мудири Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ мақомоти Русия 3400 муҳоҷири тоҷикистониро аз фурӯдгоҳҳои ин кишвар ба ватан ихроҷ кардаанд.

Ба қавли Ҳабибулло Назарзода, дар ин нимсола хадамоти фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон бо коҳиши беш аз 35 дарсади хидматрасонӣ ба мусофирон рӯбарӯ шуданд. “Дар нимсолаи аввали соли 2024 Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ҳамагӣ ба 1 млну 667 ҳазору 900 мусофир хизмат расонидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 ҳазору 800 нафар ë 36 фоиз кам мебошад.”

Муносибати мақомоти Русия бо муҳоҷирони Тоҷикистон аз баҳори соли ҷорӣ тира шуд. Баъд аз ҳодисаҳои таркиш дар атрофи Маскав ва иттиҳоми даст доштани чанд тоҷикистонӣ дар он ҳамлаҳо ҳазорон муҳоҷир ва мусофири тоҷикистонӣ дар фурӯдгоҳҳои Русия мавриди бозпурсӣ, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва сипас ихроҷ ба ватан маҳкум шуданд.

Гуфта мешавад, айни замон танҳо яке аз боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳри Маскав, пойтахти Русия беш аз 134 тоҷикистонӣ барои ихроҷ аз ин кишвар нигаҳдорӣ мешаванд ва дар дигар боздоштгоҳҳои муваққатии ин кишвар ва дар бархе фурӯдгоҳҳои он низ садҳо нафари дигар банд монда, сарнавишти онҳо ҳанӯз номаълум аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабиб Нурмагомедов: Ба далели ҳимоят аз Фаластин сарпарастонро аз даст додем

Ҳабиб Нурмагомедов мегӯяд, ба сабаби ҳимоят аз Фаластин ва...

Кушта шудани як зодаи Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина

Дар ҳамлаи паҳподии шаби 9-ум ба 10-уми август ба шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористони Русия як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд.

Додгоҳи Сурия Башор Асадро ба қатл маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноятии Сурия собиқ президенти ин кишвар Башор Асадро ғоибона ба ҷазои қатл маҳкум кард.

Низоми нав: Агар муҳоҷир андозро напардохт накунад, патенташ автоматӣ бекор мешавад

Дар Русия низоми нави ба таври худкор беэътибор донистани патенти кории шаҳрвандони хориҷӣ ба кор оғоз кард.