Чаро Ҷо Байден мехоҳад аз қудрат канор биравад?

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико сабаби номзадиашро пешбарӣ накардан дар интихоботи президентии ояндаи кишвараш шарҳ дод.

Байден шоми чоршанбе, 24-уми июл ба расонаҳо гуфт, ки “аз сӯи демократҳо мутақоид шудам, то аз қудрат канор биравам ва аз Камола Ҳаррис ҳимоят кунам.”

Ӯ ҳамчунин тавзеҳ дод, ки кишварашро дӯст медорад ва “барои дифоъ аз демократия, ки дар хатар аст”, аз номзадияш дар интихоботи президентӣ даст кашидааст.

Байден мегӯяд, дар Амрико подшоҳон ва диктатурҳо ба сари қудрат намеоянд ва онро идора намекунанд ва идораи кишвар дар дасти шаҳрвандон аст.

Раисҷумҳури Амрико зимнан ишора карда, ки демократияе, ки бояд дар ин кишвар татбиқ шавад, ӯ натавонист пиёдааш кунад ва тасреҳ намуда, ки барои дифоъ аз он канор меравад ва аз номзадии муовинаш Камола Ҳаррис ҳимоят мекунад.

Бино ба назарсанҷиҳои ахир, мардуми Амрико номзадии Камола Ҳаррсиро аз номзадии Байден беҳтар дониста, аз он истиқбол карданд.

Гуфтанист, Байден ба иллати солхӯрдагӣ ва нотавонии чисмӣ борҳо дар маҳзари ом ҳангоми суханрониҳову ҷамъомадҳо суханҳои бемаврид гуфта ва ё ҳаракоти номуносибе анҷом дод, ки боиси фишорҳои густарда болои ӯ шуд, то аз номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ даст бикашад ва ниҳоятан аз қудрат канор биравад.

Ҷо Байдени 81-сола соли 2021 дар интихоботи президентӣ ва дар рақобат бо Доналд Трамп, собиқ президенти ин кишвар пирӯз омад ва 46-умин прездиенти Амрико интихоб шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон барои иштирок дар ҳамоише ба Озарбойҷон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар кард.

Як ронандаи таксии шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон ба куштор гумонбар аст

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи маргбор дар гузаргоҳи пиёдагардон дар Варшава гумонбар дониста мешавад, пас аз марги ҷабрдида Лаҳистонро тарк кардааст.

Сафари аввалини Рубио ба Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон аз ин сафар чӣ интизор дорад?

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Марко Рубио нимаи дуюми моҳи октябр сафари хориҷии худро ба Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон анҷом медиҳад.

Михаил Галустян узр пурсид, аммо узрхоҳии ӯ саволҳои навро ба миён овардааст

Ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустян пас аз мавҷи интиқодҳо дар пайи сафараш ба Душанбе ба хотири нақшҳои қаблияш аз мардуми Тоҷикистон бахшиш пурсид.