Михаил Галустян узр пурсид, аммо узрхоҳии ӯ саволҳои навро ба миён овардааст

Ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустян пас аз мавҷи интиқодҳо дар пайи сафараш ба Душанбе ба хотири нақшҳои қаблияш аз мардуми Тоҷикистон бахшиш пурсид.

Навори узрхоҳии ӯро Олег Самсонов, роҳбари ширкати TAS International Group, ки Галустянро барои ширкат дар як чорабинии хусусӣ ба Душанбе даъват карда буд, дар саҳифаи Instagram-и худ нашр кардааст.

Ҷолиб он аст, ки то замони омода шудани ин хабар, ин видео на дар саҳифаи расмии худи Михаил Галустян ва на дар саҳифаи Табриз Шаҳидӣ, мудири барномаҳои ӯ, ки пештар аз сафари Галустян ба Тоҷикистон ҳимоят карда буд, нашр нашудааст.

Дар навор Галустян мегӯяд, агар образ ё нақши офаридаи ӯ, яъне қаҳрамони “Равшан”, боиси нороҳатии касе шудааст, худро айбдор ҳис мекунад ва аз мардуми Тоҷикистон бахшиш мепурсад.

Ҳамзамон, худи ин навори узрхоҳӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои навро ба миён овардааст. Дар ҳоле ки бархе онро воқеӣ ва қадами мусбат арзёбӣ мекунанд, гурӯҳи дигар ба аслияти навор шубҳа доранд. Баъзе корбарон ҳатто иддао мекунанд, ки эҳтимол навор бо истифода аз ҳуши маснуӣ (AI) таҳия ё тағйир дода шудааст. То замони нашри ин хабар, барои ин иддаоҳо ягон далели мустақил ё изҳороти расмӣ пешниҳод нашудааст.

Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки бори аввал ба Душанбе сафар кардааст ва зебоии шаҳр, биноҳои пойтахт, меҳмоннавозии мардум ва суръати рушди Тоҷикистон тасаввурашро дар бораи ин кишвар ва мардумаш комилан дигар кардааст.

Аммо мазмуни узрхоҳии Галустян низ баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Бархе аз корбарон ба истифодаи вожаи “агар нақши ман касеро ранҷонда бошад” дар суханони ӯ ишора мекунанд ва мегӯянд, чунин тарзи баён метавонад ба ин маъно бошад, ки гӯё ин нақш таъсире дар шакл гирифтани симои манфии тоҷикон да Русия таъсире надоштааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи мунтақидон, образи “Равшан” дар тӯли солҳои зиёд на танҳо як нақши ҳаҷвӣ буд, балки ба ташаккули тасаввуроти таҳқиромез нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ва коҳиши имиҷи онҳо дар ҷомеаи Русия таъсир расондааст.

Образи “Равшан”, ки Галустян дар барномаи ҳаҷвии “Наша Russia” иҷро мекард, аз ҷониби бисёре аз тоҷикон ҳамчун симои як муҳоҷири камсавод, содалавҳ ва мавриди тамасхур қабул шудааст. Ба гуфтаи мунтақидон, маҳз ҳамин нақш дар тӯли солҳои зиёд ба тақвияти қолабҳои манфӣ нисбат ба тоҷикон, бахусус муҳоҷирони корӣ, мусоидат кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Галустян рӯзи 30-юми сентябр барои ширкат дар як чорабинии хусусии ширкати TAS International Group ба Душанбе омада буд. Ҳузури ӯ дар Тоҷикистон боиси мавҷи густурдаи интиқодҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд ва баъдан ширкати даъваткунанда аксҳо ва наворҳои марбут ба ин чорабиниро аз саҳифаҳои худ ҳазф кард.

Дар ҳамин ҳол, Табриз Шаҳидӣ, мудири барномаҳои Михаил Галустян, ки пештар аз сафари ӯ ба Тоҷикистон ҳимоят карда буд, то замони нашри ин хабар нисбат ба узрхоҳии Галустян, баҳсҳои атрофи он ва ё иддаоҳои марбут ба аслияти навори узрхоҳӣ изҳори назар накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия имтиҳони забонро барои қисме аз муҳоҷирон бекор кард

ВКД Русия дар пасманзари норасоии коргарон пешниҳод кардааст, ки қисме аз шаҳрвандони хориҷӣ аз супоридани имтиҳони забони русӣ, таърихи Русия ва қонунгузории ин кишвар озод карда шаванд.

Оё дар Тоҷикистон зимистони имсол лимити барқ ҷорӣ мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон масъалаи коҳиш додани талафоти нерӯи барқро баррасӣ доранд, аммо бо наздик шудани зимистон, дар бораи ҷорӣ шудан ё нашудани лимити барқ чизе нагуфтаанд.

Як навзоди якрӯза аз таваллудхонаи Душанбе бедарак шуд

Як навзоди якрӯза шаби 11 ба 12-уми октябр аз Таваллудхонаи №1-и Душанбе нопадид шудааст.

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Австрия: оё масъалаи истирдоди мухолифон боз ҳам матраҳ аст?

Дар Душанбе 12-уми октябри соли ҷорӣ даври 13-уми машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Австрия баргузор гардид.