Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Марко Рубио нимаи дуюми моҳи октябр сафари хориҷии худро ба Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон анҷом медиҳад. Ин нахустин сафари ӯ ба минтақа дар мақоми роҳбари дипломатияи Амрико хоҳад буд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Амрико, Рубио рӯзҳои 17 то 22-уми октябр ба шаҳри Самарқанди Узбекистон сафар карда, дар ҷаласаи вазирони формати C5+1 ширкат мекунад.
Ин қолаби ҳамкорӣ, ки соли 2015 таъсис ёфтааст, Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон—ро барои гуфтугӯ дар масъалаҳои муштараки сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ба ҳам меорад.
Интизор меравад, ки дар нишасти Самарқанд масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ, энергетика ва имкониятҳои нави сармоягузорӣ баррасӣ шаванд.
Дар ҳошияи ин мулоқот, Марко Рубио бо намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳайати Тоҷикистон, мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.
Яке аз бахшҳои муҳими сафари ӯ иштироки намояндагони бахши хусусии Амрико мебошад. Тибқи иттилои мақомоти ИМА, ҳамроҳи котиби давлатӣ ҳайате аз роҳбарони тақрибан 200 ширкати амрикоӣ ба минтақа меояд. Интизор меравад, ки онҳо имкониятҳои нави тиҷоратӣ ва сармоягузориро баррасӣ кунанд.
Ба назари коршиносон, сафари котиби давлатии ИМА Марко Рубио ба Узбекистон ва мулоқоти ӯ бо мақомоти баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби C5+1 барои Тоҷикистон аз нигоҳи амнияти минтақавӣ ва имкониятҳои нави иқтисодӣ аҳаммияти бузург дорад.
Интизор меравад, ки дар маркази таваҷҷуҳи мулоқотҳои ҳошиявӣ бо мақомоти тоҷик густариши робитаҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузории хусусӣ, амнияти энергетикӣ ва ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои муштараки минтақавӣ қарор гиранд.
Барои Тоҷикистон муҳим аст, ки ин ҳамкорӣ то чӣ андоза метавонад ба таҳкими амнияти марзӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ, рушди инфрасохтор ва ҷалби сармоя ба бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ мусоидат кунад.
Ҳамзамон, иштироки ҳайати бузурги соҳибкорони амрикоӣ имконият медиҳад, ки масъалаи ҷалби ширкатҳои хориҷӣ ба бозори Тоҷикистон ва рушди ҳамкории мустақими иқтисодӣ бо шарикони амрикоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Гуфта мешавад, пас аз анҷоми сафараш ба Узбекистон, Рубио ба Ҳиндустон меравад.
Таваҷҷуҳи Амрико ба Осиёи Марказӣ дар солҳои охир афзоиш ёфтааст. Кишварҳои минтақа ба далели мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва нақшашон дар масирҳои тиҷоратии байни Аврупо ва Осиё барои қудратҳои ҷаҳонӣ аҳамияти бештар пайдо кардаанд.
