4.9 C
Dushanbe

Юсуф Раҳмон сабаби боздошти чеҳраҳои шинохтаро шарҳ дод

Додситонии кулли Тоҷикистон ба ҳам рабт доштани боздошти чанде аз чеҳраҳои шинохтаи кишварро тасдиқ кард.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 9-уми август гуфт, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода, вакили пешини порлумон ва собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва муовини аввали раиси ин ҳизб Аҳмадшоҳ Комилзода, инчунин Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Юсуф Раҳмон дар посух ба суол, ки “оё ин парвандаҳо бо ҳам рабт доранд”, гуфт: “бале ва дар алоқамандии зич қарор доштанд”.

Аммо ин мақомдор барои фош нашудани сирри тафтишот, чун парвандаҳо муҳри махфӣ доранд, аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии Саидҷаъфар Усмонзодаро дархост мекард, гуфта буд, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми “бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306 қисми 2 банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Дар идома нишасти матбуотии имрӯза Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, “касе, ки ба давлат, ба миллат, ба президент хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад, новобаста ба он ки чӣ вазифа дорад ва дар гузашта чӣ вазифа ишғол карда буд”.

Ёдовар мешавем, ки боздошти чанд сиёсатмадор ва мақомдори собиқ дар Тоҷикистон, аз 12-уми июни слли ҷорӣ оғоз шуд, ки то ҳол аз боздоштшудаҳо номи Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшоҳ Комилзода, Шокирҷон Ҳакимов, Акбаршоҳ Искандаров ва Ҳамроҳхон Зарифӣ расонаӣ шудаанд.

Мақомот ин афродро ба ҳамкорӣ бо раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон ва барои маслиҳати пешакӣ ҷиҳати ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон гунаҳкор медонанд. Ин иттиҳомро раҳбарони ПМТ рад карда буданд.

Назари худи боздоштшудаҳо ва вакилони дифои онҳо дар мавриди иттиҳоми мақомот маълум нест.

Ҳатто наздикони ин афрод гуфта буданд, ки аз рӯзи боздошт то кунун муваффақ нашудаанд, ки онҳоро бинанд ва аз шароити будубошу саломатии онҳо хабаре надоранд. Инчунин то кунун на ҳама боздоштшудаҳо вакили дифоъ доранд.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, ба ҷуз вакили дифои давлатӣ, дар ҳоли ҳозир танҳо Акбаршоҳ Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимов вакилони дифои мустақил доранд ва вакилони дифоъ низ муваффақ нашудаанд, ки бо зерҳимояҳои худ дар боздоштгоҳ мулоқот кунанд ва дар ҷараёни бозпурсиҳо танҳо вакили дифои давлатӣ ҳаққи ширкатро доштааст.

Ҳоло мақомоти Тоҷикистон ҳисобҳои бонкии Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимовро бастанд ва инчунин болои наздиконашон фишор овардаанд, ки онҳо ҳаққи фурӯхтан ё ба иҷора додани хона, бӯстонсаро, ширкат, мошин ва амволи дигарро надоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.