Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Австрия: оё масъалаи истирдоди мухолифон боз ҳам матраҳ аст?

Намояндагони Тоҷикистон ва Австрия рӯзи 12-уми октябри соли ҷорӣ дар Душанбе даври 13-уми машваратҳои сиёсии худро баргузор карданд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.

Дар машваратҳо сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва директори Раёсати сиёсати Вазорати федералии корҳои Аврупо ва байналмилалии Австрия Томас Мюлманн иштирок доштанд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ низ яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба гуфта мешавад. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ширкатҳои австриягии Voith Hydro, Andritz Hydro, Doppelmayr ва AME дар бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон фаъолият доранд. Ҳамчунин, Душанбе ва шаҳри Клагенфурти Австрия муносибатҳои бародаршаҳрӣ доранд.

Ин машваратҳои сиёсӣ байни Вена ва Душанбе дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик дар чунин машваратҳо масъалаи истирдоди намояндагони мухолифини тоҷики муқими Австрияро дархост карда буданд. Дар иттилоияи расмии ҷониби Тоҷикистон ба масъалаҳои истирдоди шахсони мавриди пайгарди мақомоти тоҷик дар Австрия ё вазъи ҳуқуқи инсон ишора нашудааст.

Бар асоси иттилои расонаҳо, моҳи апрели соли 2026 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба мақомоти Австрия парвандаҳои марбут ба 18 узви созмонҳои мухолифи дар хориҷбуда фиристода буд. Мақомоти Тоҷикистон ин афродро бо иттиҳомоти гуногун, аз ҷумла экстремизм, мавриди пайгарди ҷиноятӣ қарор додаанд. Аммо бархе аз намояндагони мухолифин таъқиби худро сиёсӣ арзёбӣ мекунанд.

Мувофиқи гузориши нашрияи The Diplomat аз 10-уми августи соли 2026, Додгоҳи Вена дархости истирдоди Шавкат Муҳаммад, модар ва бародари ӯро рад кардааст. Дар ҳамон гузориш гуфта мешавад, ки додгоҳҳои Австрия қаблан низ чанд дархости истирдоди шаҳрвандони тоҷикро напазируфта буданд. Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ин парвандаҳо мавқеи муфассали худро баён накардааст.

Дар пасманзари ин баҳсҳо коршиносон мепурсанд, ки ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии ду давлат то куҷо бо уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳифзи паноҳҷӯён ҳамоҳанг мешаванд?

Ба назари онҳо, дар чунин ҳолатҳо мақомоти кишварҳои аврупоӣ бояд на танҳо ба дархостҳои расмии давлатҳои шарик, балки ба далелҳои парванда, кафолатҳои мурофиаи одилона ва хатари эҳтимолии таъқиб ё муносибати ғайриинсонӣ дар сурати бозгардонидани шахс низ таваҷҷуҳ кунанд.

Бо вуҷуди ин, аз иттилоияи расмии машваратҳои ахир маълум нест, ки масъалаи истирдоди мухолифон ё нигарониҳои марбут ба ҳуқуқи инсон дар мулоқот баррасӣ шудааст ё на.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон – майдони рақобати Эрон ва Исроил

Гузориши "Эрон Интернешнл" аз ъумқи нуфузи ҷосуси Исроил дар сохтори молӣ ва низомии Эрон хабар медиҳад.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 нисбат ба кишварҳои ҳамсоя сусттар хоҳад буд

Бино ба гузориши нави Конфронси савдо ва рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD), иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ метавонад 6,6 дарсад рушд кунад.

Қонуни нави муҳоҷират дар Тоҷикистон: оё мушкилоти муҳоҷирон ҳал мешаванд?

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд раванди муҳоҷиратро рақамӣ карда, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кориро тақвият ва сатҳи муҳоҷиратро коҳиш диҳанд.

Манъи ҳиҷоб дар мактабҳо Озабойҷон баҳсҳои навро ба миён овард

Дар Озарбойҷон пас аз ҷорӣ шудани қоидаҳои нави либоси мактабӣ, масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ баҳсбарангез шудааст.