Оё дар Тоҷикистон зимистони имсол лимити барқ ҷорӣ мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон масъалаи коҳиш додани талафоти нерӯи барқро баррасӣ доранд, аммо бо наздик шудани зимистон, дар бораи ҷорӣ шудан ё нашудани лимити барқ чизе нагуфтаанд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа 13-уми октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар нуҳ моҳи соли 2026 ба роҳбарияти ширкат супориш додааст, ки барои коҳиш додани талафоти нерӯи барқ чораҳои иловагӣ андешанд ва ҳолатҳои изофанависиро бартараф намоянд.

Тавре Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад, дар ҷаласа натиҷаҳои молиявии ширкат, фаъолияти филиалҳо ва камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ шуда, натиҷаҳои молиявии ширкат мусбат арзёбӣ гардидаанд.

Далер Ҷумъа ҳамчунин зарурати ба ҳисоб гирифтани ҳамаи муштариён, ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ ва пурзӯр намудани назорат аз болои риояи қоидаҳои бехатариро таъкид кардааст.

Вазир идао кардааст, ки омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 ва таъмини фаъолияти устувору боэътимоди шабакаҳои барқӣ бояд аз вазифаҳои асосии роҳбарияти ширкат ва филиалҳои он бошад.

Тибқи маълумоти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҳаҷми талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳои тақсимотӣ 1 миллиарду 248,37 миллион киловатт-соатро ташкил додааст. Ин ба 12,42 дарсади ҳаҷми умумии нерӯи барқи воридшуда ба шабакаҳо баробар аст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 талафот 582,96 миллион киловатт-соат ё 5,51 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Ба ҳисоби ҳаҷм, ин тақрибан 32 дарсад камшавиро нишон медиҳад.

Дар ширкат коҳиши талафотро ба насби ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ, таҷдиди шабакаҳои барқӣ, иваз кардани хатҳои фарсудаи интиқоли нерӯи барқ ва пурзӯр намудани назорат аз болои истифодаи нерӯи барқ рабт медиҳанд.

Бояд гуфт, дар паёми моҳи декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазифа гузошта буд, ки талафоти нерӯи барқ то 9 дарсад коҳиш дода шавад ва дида мешавад, ки бо гузашти се сол аз ин паём он то ҳол иҷро нашудааст. 

Ҳамзамон дар гузашта Раҳмонов аз изофависии пули барқ гуфта, дар паёми соли 2025 ба парлумон дар мавзуи баҳсбарангез ва шубаҳаовари беш аз 1,7 миллиард сомонӣ қарздор будани аҳолӣ аз истифодаи барқ низ гуфта, ӯ баръакс, худи кормандони идораи барқро дар нодуруст аз истифодаи барқ қарздор кардани мардум гунаҳкор кард.

Раҳмонов гуфта буд, ки “Барқи тоҷик” гузориш медод, ки гӯё мардум 30-40 дарсади маблағи истифодаи барқро намесупоранд, вале баъди ҷорӣ шудани низоми биллингӣ маълум шуд, ки аҳолӣ 100 дарсад пули барқро месупоранд, вале аз тарафи баъзе кормандон пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва ба таври сунъӣ талафоти барқро ба гардани аҳолӣ, дигар истифодабарандгон ва ҳатто мошинҳои обкаш бор карда, онҳоро қарздор мекарданд ва маблағи онро дар ҷайби худ мезаданд.

Аммо бо вуҷуди равшанӣ андохтан ба ин масъала, Раҳмонов нагуфта буд, ки сарнавишти қарзҳое, ки то имрӯз ҷамъ шудаанд ва онҳое, ки гунаҳкоранд, чӣ мешавад?

Бояд гуфт, дар баробари талафоти барқ ва изофанависӣ, масъалаи маҳдудият дар таъминоти нерӯи барқ барои аҳолӣ низ муҳим мебошад. Чун зимистони гузашта сокинони аксари минтақаҳои Тоҷикистон хабар дода буданд, ки шабонарӯз ба онҳо ҳамагӣ аз ду то чор соат барқ дода мешуд. Намояндагони соҳа лимити барқро ба камобӣ ва норасоии нерӯи барқ рабт медоданд.

Амм моҳи июли соли 2026 раиси ҶСК “Барқи Тоҷик” Маҳмадумар Асозода гуфта буд, ки дар фасли тирамоҳу зимистони оянда номувозинатии байни истеҳсол ва истеъмоли нерӯи барқ эҳтимол боқӣ мемонад. Ӯ эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудиятҳоро пурра рад накарда буд. Ҳамзамон, вазири энергетика Далер Ҷумъа изҳор дошта буд, ки таъминоти барқ дар зимистони оянда нисбат ба зимистони гузашта беҳтар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, то 13-уми октябри соли 2026 дар бораи ҷорӣ шудани ҷадвали ягонаи маҳдудияти барқ барои аҳолӣ дар тамоми кишвар маълумоти расман тасдиқшуда дастрас нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Як навзоди якрӯза аз таваллудхонаи Душанбе бедарак шуд

Як навзоди якрӯза шаби 11 ба 12-уми октябр аз Таваллудхонаи №1-и Душанбе нопадид шудааст.

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Австрия: оё масъалаи истирдоди мухолифон боз ҳам матраҳ аст?

Дар Душанбе 12-уми октябри соли ҷорӣ даври 13-уми машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Австрия баргузор гардид.

Тоҷикистон – майдони рақобати Эрон ва Исроил

Гузориши "Эрон Интернешнл" аз ъумқи нуфузи ҷосуси Исроил дар сохтори молӣ ва низомии Эрон хабар медиҳад.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 нисбат ба кишварҳои ҳамсоя сусттар хоҳад буд

Бино ба гузориши нави Конфронси савдо ва рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD), иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ метавонад 6,6 дарсад рушд кунад.