КДАМ рад карду додситонӣ тасдиқ, кӣ рост мегӯяд?

Додситонии кулли Тоҷикистон боздошти беш аз 20 нафарро ба гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 тасдиқ кард.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии рӯзи 9-уми август гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз як амали террористӣ бо роҳи заҳролудкунии гурӯҳи одамон дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 пешгирӣ кардааст.

Ба гуфтаи Раҳмон, дар робита ба он зиёда аз 20 аъзои ташкилоти террористии ДИИШ дастгир шуда, алоқаи онҳо бо дигар ташкилотҳои террористиро тафтиш доранд.

Ин мақомдори тоҷик нагуфт, ки ин афрод дар кадом минтақаи Тоҷикистон ва бо кадом роҳ мехостанд одамонро заҳролуд кунанд ва бо кадом моддаҳо нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Аммо рӯзи пеш Абдураҳмон Аламшозода (Абдураҳмон Бузмаков), муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар ним сол 3 амали террористӣ ва 2 суиқасд ба амали террористӣ дар ВМКБ, Хатлон ва шаҳру навоҳии тебеи марказ пешгирӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ расонаҳо аз боздошти беш 20 сокини шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Норак хабар дода буданд.

Он замон гуфта мешуд, ки қасди гурӯҳ ин будааст, ки ба ҷашни асосии Наврӯз дар шаҳри Душанбе “ҳамла кунанд ва то ҳадди имкон шахсони бештарро ба қатл расонанд.”

Аммо дертар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари боздошти ин афродро “носанҷида ва иғвоангез” номида буд.

Сабаби ин ноҳамоҳангии мақомдорони тоҷик маълум нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.