28.9 C
Dushanbe

CPJ озодии Аҳмади Иброҳимро талаб кард

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии фаврии сардабири нашрияи мустақили “Пайк” Аҳмади Иброҳимро талаб кард.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 19-уми август нашр шудааст, ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ дар мавриди Аврупо ва Осиёи Марказӣ Гулноза Саид мегӯяд, ки “Боздошти Аҳмади Иброҳим ёдовари он аст, ки ҳар шакли рӯзноманигории интиқодӣ дар фазои амиқан саркӯбкунандаи расонаӣ дар Тоҷикистон хатарнок аст”.

Инчунин хонум Гулноза Саид аз мақомоти Тоҷикистон фаъолияти озодонаи расонаҳо ва озодии Аҳмади Иброҳимро ҳамроҳ бо ҳафт рӯзноманигори дигар, ки дар ҳоли ҳозир барои фаъолиятҳояшон зиндонӣ ҳастанд, талаб кардааст.

Дар охири ин изҳорот гуфта мешавад, ки CPJ барои шарҳи боздошти ин рӯзноманигор ба Додситонии кулли Тоҷикистон номаи электронӣ ирсол карда буд, аммо бо гузашти чанд рӯз то ҳол посухе нагирифтааст.

Пеш аз ин Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ ва ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон низ бо нашри изҳоротҳои алоҳидае раҳоии рӯзноманигор Аҳмади Иброҳимро талаб карда, онро “ғайриқонунӣ”, “поймоли ошкорои ҳуқуқи шаҳрванд” ва “манъи озодии сухан ва ҳақиқатгӯӣ” гуфта буданд.

Ёдовар мешавем, ки сардабири нашрияи мустақили “Пайк” Аҳмади Иброҳим рӯзи 12-уми август аз ҷониби мақомоти қудратии Кӯлоб боздошт гардида буд. Радиои Озодӣ ҳам дар истинод ба манобеаш менависад, ки “ӯ ба қасди ҷиноят ва додани пора” гумонбар шуда, тибқи ин иттиҳом ба ӯ то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аҳмади Иброҳим барои тамдиди парвона ё иҷозатномаи кори “Пайк”, гуё ба як мақоми расмӣ пул пешниҳод кардааст, аммо яке аз дӯстонаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба эҳтимоли зиёд сардабири “Пайк” қурбонии нақшае шуд, ки ҳадафаш боздошти ӯ буд. Инчунин як дӯсти дигараш низ гуфтааст, ки зоҳиран ин тавтеаи мақомдорони маҳаллӣ алайҳи журналист аст, ки онҳоро танқид мекард.

Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол боздошти сардабири ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлонро шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад, Аҳмади Иброҳим бо вуҷуди ҷонибдорӣ аз ҳукумат, кори баъзе аз вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллиро дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб танқид мекард.

 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корманди додситонӣ Меҳрона Ноибоваро ба худкушӣ расонд

Меҳрона Ноибоваи 23-сола 4-уми апрели соли ҷорӣ аз истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и Дарвоз нопадид гашта, ҷасадаш аз соҳили рӯди Панҷ пайдо шуд.

Бо парчами Фаластин баромадани Ламин баҳсбарангез шуд

Бо парчами Фаластин ҳузур ёфтани футболбози ҷавон Ламин Ямал дар роҳпаймоие баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сиёсатмадорон ба бор овардааст.

Русия дар пайи таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ ва сиёсӣ бо Толибон аст

Маскав талош дорад "ҳамкории ҳамаҷониба"-ашро бо ҳукумати Толибонро тақвият дтҳад.

Боздошти як пирамрди 79-солаи рус дар Лаҳистон бо иттиҳоми таҳдид ба амният

Дар Лаҳистон як шаҳрванди 79-солаи Русия, ки дар доираҳои ҷиноятӣ бо номи "Вор в законе" маъруф будааст, боздошт шуд.