Сӯиқасд ба ҷони муфтии Тоҷикистон

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Макарзи исломии Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябр дар пайи як сӯиқасд ба ҷонаш захмӣ шудааст.

Дар ин бора имрӯз, дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод. ВКД ангезаи асосии ҳамларо шарҳ надод, аммо ин сӯиқасдро “амали авбошӣ” хонд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамлавар ҳангоми ҳуҷум ба сӯи Абдулқодирзода “аз асбоби халандаю бурранда” истифода кардааст.

Гуфта мешавад, ҳамла ба ҷони муфтии Тоҷикистон баъди адои намози аср дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе рух додааст. Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии Абдулқодирзода хуб арзёбӣ мешавад.

ВКД дар ин бора ҷузъиёти бештаре нашр накардааст ва ҳувияти ҳамлагару ангезаи асосии ба ин кор даст заданаш низ фош нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.