7.9 C
Dushanbe

Шикояти сокинон аз “Барқи тоҷик”

Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик 11-уми сентябр дар Фейсбук аз зиёд ҳисоб кардани пули истифодаи барқ шикоят кардааст.

Ӯ менависад, тақрибан хароҷоти барқи хонааш дар моҳ 150 сомонӣ аст, аммо аз идораи барқ расид дарёфт карааст, ки дар он маблағи 2 моҳа истифодаи барқ 777.74 сомонӣ нишон дода шудааст. Хонум Давлатова менависад, “ин тақрибан 150 дарсад аз хароҷоти воқеӣ зиёд мебошад.”

Хонум Давлатова шикоят мекунад, ки бахши фурӯши шуъбаи барқи ноҳия ҳатто телфон надорад, ки ба саволҳо посух бигирем.

Дар идома ин равоншиноси тоҷик дар масъалаи мушкилоти низоми нави ҳисоби барқ мегӯяд: “Ба ман котиби матбуотии Барқи тоҷик Қурбон Аҳмадзода занг зада хабар дод, ки масъалаи мазкур дар салоҳияти Шабакаҳои тақсимоти барқ аст.” Баназар мерасад талошҳои хонум Далатова бенатиҷа буда, ки дар охири ёдошти худ таъкид мекунад, “айни замон тадқиқоти худҷӯши мо идома дорад.”

Баъд аз шикояти Марям Давлатова котиби матбуотии Барқи тоҷик дар Фейсбук дар ёдоште ба тафаҷҷуҳи сокинон ва ишора ба Марям Давлатова нависшт: “Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо мушкилотатон аз ҷумлаи интиқол, тақсимот ва пардохти маблағи барқ (хомӯш ва фаъол намудани неруи барқ низ) метавонед ба рақамҳои телефони боварии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ» муроҷиат намоед.”

Қурбон Аҳмадзода мегӯяд, масъалаҳои зиркшуда ба уҳдаи ҶСК “Барқи тоҷик” нест ин гуна мушкилот бар уҳдаи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати энергетика мегӯяд, аҳолии кишвар аз барқ 1,5 милиард сомонӣ қарздоранд. Аммо ба иддаои аксари корбарон, аҳолӣ сари вақт пули барқро месупоранд, агар насупоранд масъулин барқи хонаҳояшонро қатъ мекунанд.

Иддаои қарздор будани мардум аз барқ дар ҳолест, ки Мирзо Исмоилзода, собиқ раиси “Барқи тоҷик” 1-уми январи соли 2021 низ гуфта буд, ки мардум аз барқ тақрибан 1,5 милиард сомонӣ қарздоранд.

Ба гуфтаи мунтақидон, дар муддати 3 сол тағйир накардани ин рақамҳо воқеӣ будани омори Вазорати энергетикаро зери суол мебарад. Дар гузашта рӯзноманигорон низ ин миқдор қарздор будани аҳолиро шубҳанок гуфта буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.