Клинтон ояте аз Қуръон хонду шоҳ Чарлз меҳмонашро бо ҳадис пешвоз гирифт

Билл Клинтон, собиқ раисҷумҳури Амрико бо ишора ба ояти Қуръон таҳқири мусулмононро маҳкум кард ва шоҳ Чарлзи III дар қабули султони Умон ҳадиси Паёмбар (с)-ро ба арабӣ хонд.

Бино ба гузориши “Ал-Ҷазира”, Билл Клинтон, раисҷумҳури пешини ИМА, дар ҳамоиши “Динҳои гуногун, Флоридаи ягона” дар маркази ибодатии “Койнония” гуфт, аз паст задани мусулмонон танҳо ба хотири эътиқодашон хаста шудааст.

Ӯ нақл кард, ки духтараш Челсӣ дар 15-солагӣ Қуръонро хонда, ӯро низ ба мутолиаи он ташвиқ кардааст. Клинтон бо баёни мазмуни ояти 13-уми сураи “Ҳуҷурот” таъкид кард, ки гуногунии мардум бояд заминаи шинохту омӯзиши ҳамдигар бошад. 

Суханронии ӯ дар ҳимоят аз Дэвид Ҷоллӣ, номзади демократҳо ба мақоми губернатори Флорида, баргузор шуд. Клинтон дар ин суханронияш, ки талоше барои ҷалби раъйдиҳандагон буд, ҳамзамон аз ҳамзистии динӣ сухан гуфта, онро аз омилҳои иттиҳод донитсааст.

Дар ҳамин рӯз, шоҳ Чарлзи III дар қалъаи Виндзор ба ифтихори Ҳайсам ибни Ториқ, султони Умон, зиёфати давлатӣ баргузор кард. Ӯ ҳангоми ситоиши ахлоқи мардуми Умон ин ҳадиси Паёмбар Муҳаммад (с)-ро ба арабӣ хонд:

“لَوْ أَنَّ أَهْلَ عُمَانَ أَتَيْتَ مَا سَبُّوكَ وَلَا ضَرَبُوكَ”

Яъне: “Агар назди мардуми Умон мерафтӣ, туро на дашном медоданд ва на мезаданд”. Ин ҳадис дар “Саҳеҳи Муслим”, таҳти рақами 2544, дар боби фазилати аҳли Умон омадааст.

Чарлз ҳамчунин аз нақши Умон дар муколамаи минтақавӣ ва талошҳояш барои боз нигоҳ доштани яке аз муҳимтарин роҳҳои киштиронии ҷаҳон қадрдонӣ кард. Ӯ сиёсати “бетарафии созанда”-и Масқатро дорои аҳамияте донист, ки аз тангаи Ҳурмуз фаротар меравад. Матни ин суханронӣ дар сомонаи расмии хонадони шоҳии Бритониё нашр шудааст.

Сафари султони Умон аз 20-ум то 22-уми октябр нахустин сафари давлатии як султони ин кишвар ба Бритониё дар 44 соли охир аст. Пеш аз ин, моҳи марти соли 1982 малика Елизаветаи II аз султон Қобус ибни Саид пазироӣ карда буд.

Ин ду суханронӣ бо садо додани ояту ҳадис аз забони чеҳраҳои сиёсии ғайримусалмон таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб кардааст. Ҳарду суханронӣ ҳам рӯзи 20-уим октябр, ки яке дар ҳамоиши байнидинӣ дар Амрико зимни маъракаи интихоботӣ ва дигаре дар зиёфати давлатии шоҳии Бритониё сурат гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё синни нафақа дар Тоҷикистон тағйир меёбад?

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар оянда масъалаи боло бурдани синни нафақаро баррасӣ кунад.

ВКД фолбинҳо, фоҳишаҳо ва мизоҷони онҳоро низ ба қайд мегирад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки фолбинҳо, мизоҷон ва наздикони онҳоро ба махзани махсус ворид карда, зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

Ду нафар дар Душанбе бо гумони истеҳсол ва паҳн кардани доруҳои қалбакӣ боздошт шуданд

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо гумони истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои қалбакӣ дар Душанбе хабар доданд.

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.