Аввалин сайёҳон ба кайҳон сафар карданд

Рӯзи якшанбе, 15-уми сентябри соли ҷорӣ нахустин парвози сайёҳони кайҳонӣ ба мадори замин бо муваффақият анҷом ёфт.

Сафар рӯзи 10-уми сентябр оғоз ёфта, 15-ум ба замин баргаштанд. Дар ин парвоз 4 нафар шомил буданд, ки ду нафарашон тоҷирони маъруфи амрикоӣ, Ҷаред Исаакман ва дигарӣ муҳандиси SpaceX Сара Гиллис буданд.

Гуфта мешавад, парвоз 5 рӯз идома дошта ва дар рӯзи сеюми сафар, рӯзи панҷшанбе ҳайати мусофирон ва кайҳоннаврдон ба қуллаи масири худ, яъне ба мадор дар баландии тақрибан 730 километр аз замин расиданд. 

Ин сайёҳони кайҳонӣ тақрибан 1 соату 46 дақиқа дар мадори замин саёҳат карданд ва ҳатто он ду тоҷири амрикоӣ, ки барои саёҳат ба онҷо баромаданд, ҳудуди даҳ дақиқаиро дар кайҳон берун аз капсула гузаронданд. Аммо ду узви дигари киштии кайҳонӣ, Скотт Потит ва Анна Менон танҳо аз даруни капсула тамошо карданд.

Дар ин парвоз скафандрҳо ва кабинаи “Crew Dragon”-ро технологияе, ки Элон Маск умедвор аст барои парвозҳои хусусии оянда ба Миррих имкон бидиҳад, озмоиш карданд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...