Боздошти чанд ҷавонзани тоҷик зимни амалиёти махсус дар Хуҷанд

Раёсати Вазорати корҳоӣ дохилӣ дар шаҳри Худҷанд дар Фейсбук аз амалиёти “Ахлоқ” хабар дод. Дар ин амалиёт чанд ҷавонзан бо гумони “бадахлоқӣ” боздошт шудаанд.

Ба иттилои ВКД, дар шаҳри Хуҷанд Баҳодурзода Хадиджаи 23-сола, сокини шаҳри Хуҷанд дар доираи амалиёти “Ахлоқ” боздошт карда, огоҳӣ дода шудааст.

Гуфта мешавад, номбурда дар ИНСТАГРАМ аксҳои нимурёни худро гузошта, “ба ишваву ноз ва ба намош гузоштани барҷастагиҳои бадани худ ичунин навиштани ёддоштҳои шаҳвонӣ” машғул будааст.

“Инчунин шаҳрванд Шукурова Шаҳина санаи таваллудаш 25.12.2004 сокини ноҳияи Ҷ. Расулов ва шаҳрванд Ашурбойзода Дилрабо санаи таваллудаш 21.01.1992 истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон барои гузоштани аксҳои нимурёну бешармонаи худ дар Инстаграм ба Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дастрас ва қатъиян огоҳ карда шуданд.”, омадааст дар хабар.

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳадафи ин амалиётро “солим гардони ҷомеа” гуфтааст.

ВКД такид мекунад, ки дар сурати такрори рафтори ин занҳо нисбаташон аз муҷозоти сахттари қонунӣ кор гирифта мешавад, ки барояшон нороҳаткунанда хоҳад буд.

Дар зери ин хабар корбарони тоҷик шарҳу афкори худро навишта, аз ин иқдоми пулиси шаҳр пуштибонӣ кардаанд. Ҳамзамон кобарон аз рафтори ҳамсони бархе бонувони маъруфи тоҷик шикоят карда, аз пулис хостаанд, ки онҳо низ дастгир ва муҷозот шаванд, чун, ба гуфтаи онҳо, бадахлоқиро дар ҷомеа паҳн мекунанд.

Аз ҷумла, корбарон навиштаанд, ки бисёре аз сарояндаҳои зан, ба мисли Фарзонаи Хуршед, Мино, Мехринигори Рустам ва дигарон низ либосҳои нимурён мепӯшанд, ки хилофи либосҳои миллӣ мебошад, қонунгузорӣ ин тарзи либоспӯширо манъ кардааст. Ва мақомот бояд онҳоро низ боздошт ва ҷарима кунад, то фарҳанги миллиро риоят ва эҳтиром кунанд ва сабаби паҳн кардани фарҳанги бегона нашаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.