Зубайдуллоҳи Розиқ аз бемористон мураххас шуд

Зубайдуллоҳи Розиқ, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз бемористони Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноӣ мураххас шудааст.

Ӯ дар аввали моҳи август ба иллати бемории қалб дар бемористон бистарӣ шуда буд ва 11-уми сентябри соли ҷорӣ боз ба утоқаш дар зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён зимни нишасти матбуотӣ иддао карда буд, ки Зубайдуллоҳи Розиқ бемор нест.

Аммо Ҳисомиддин Розиқов, писари ин маҳбуси 82-сола дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои вазири адлияро рад карда гуфта буд, “дар рӯзе, ки ӯ чунин изҳорот дод, падарам аз бародарам хостааст, ки доруҳояшро биёрад”.

Инчунин пайвандони Зубайдуллоҳи Розиқ гуфта буданд, ки ӯ то замони боздошт бемории қалб дошт ва дар соли 2015 як дафъа дилашро табобат кардааст.

Дар пайи расонаӣ шудани хуруҷи бемории қалби Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳисомиддин Розиқов дар суҳбат ба Azda.tv гуфта буд, ки мехоҳад бо назардошти бузургсолӣ ва бемории қалб доштани падараш ба мақомот, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон нома навишта, озодии пеш аз муҳлати ин маҳбуси сиёсиро дархост кунад.

Гуфта мешавад, Зубайдуллоҳи Розиқ ҳамроҳи дигар маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла Раҳматуллоҳи Раҷаб, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ҳанӯз соли 2021 дар номае аз раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буданд, ки барои бозбинии парвандаашон “дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ” мусоидат кунад, вале ба ҷойи посухи мусбат болои ин маҳбусони сиёсӣ фишор оварда, дар утоқи ҷаримавӣ ҷой карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Зубайдуллоҳи Розиқ ҳамроҳ бо 12 узви дигари Раёсати олии ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомотт Тоҷикистон боздошт ва бо иттиҳомҳои сохта барои 25 сол равонаи зиндон гардид.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии беқайду шарти ӯ ва ҳамраҳонашро хоста буданд, аммо мақомот ин талаби созмонҳоро ҳамеша нодида гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марзи Русия маҳкум шуданд

Додгоҳе дар шаҳри Новотроитски вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марзи ин кишвар ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст.

Қарор: Дарси тарбияи ҷисмонӣ барои коргарон ҷорӣ мешавад

Аз ин пас тамоми корфармоён дар Тоҷикистон вазифадор хоҳанд буд, ки барои кормандони худ ҳар рӯз на камтар аз 20 дақиқа машқҳои баданӣ ташкил намоянд.

Дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав чанд тоҷири тоҷик зарар диданд

Дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба вилояти Маскав чанд корхонаи коркарди нафт оташ гирифта, бозори бузурги "Садовод", ки макони кори ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аст, осеб дидааст.

Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

Холматова Гулчеҳра, зани маъюби 58-сола иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.