Дар Душанбе раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро муҳокима мекунанд

Имрӯз дар Душанбе додгоҳе раҳбари рабудашудаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, Суҳроб Зафарроро муҳокима карданд.

Дар ин бора Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар сомонаи расмиаш хабар дод. Гуфта мешавад, қисми аввали мурофиа рӯзи 18-уми сентябр пушти дарҳои баста ва бидуни иштироки пайвандонаш сурат гирифтааст. 

Имрӯз, 20-уми сентябр “Радиои Озодӣ” аз қавли манобеаш навишт, ки қисми дуюми мурофеаи Суҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов, узви дигари рабудашдаи ин созмони мухолиф, паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе оғоз шудааст.

Маълум нест, ки онҳо бо адвокат таъмин шудаанд ё на, чун мақомот дар ин бора изоҳори назар намекунанд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз ҳам пайвандони ин мухолифонро ба додгоҳ раҳ надодаанд. 

“Гурӯҳи 24” рабуда шудани роҳбарашро дар баёнияе “дуздии байналмилалӣ” уновон карда, гуфта буд, ки ин амал як иқдоми ошкоро барои хомӯш кардани ҳаракатҳои мухолифин ва маҳдуд карадни озодии сиёсии шаҳрвандон аст. 

Раҳбари “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар ҳамроҳ бо узви фаъоли ин гурӯҳ Насимҷон Шарифов дар моҳи феврали ҳамин сол аз Туркия нопадид шуданд ва дертар аз Тоҷикистон пайдо шуданд. Мақомот то ҳол чӣ гуна дастгир кардану ба Тоҷикистон бурдани онҳоро шарҳ надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.