Эмомалӣ Раҳмон аз 22-уми сентябр барои иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.
Дирӯз, 23-уми сентябр Раҳмон дар “Ҳамоиши оянда” иштирок ва суханронӣ кардааст. Ӯ зимни суханронияш дар ин ҳамоиш таъкид кард, ки “нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст.” Масоилест, ки Раҳмон аз аввали ҳукуматдориаш пайваста дар нишастҳои ин созмон такрор кардааст.
Ва инчунин дигар мавзуе, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳама мулоқтҳояш ёдоварӣ мекунад, ин, ба қавли худаш “дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти фарогир ва пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ” мебошад. Нуктае, ки ба назари мунтақидон шинохти Раҳмон аз ифротгароӣ ин аст, ки ҳарки аз шеваи ҳукуматдории ӯ интиқод кард, ӯ террорист аст.
Аммо нуктаи аз ҳама ҷолибе, ки аз ин сууҳбати ӯ имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни корбарони тоҷикистонӣ доғ шуд, талаби Раҳмон барои “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар нишасти СММ чунин пешниҳод кард: “Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад”.
Ин гуфтаҳои Раҳмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифону мувофиқон пайдо кард. Саъди Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо матлабе зери номи “Фарри Эзадӣ” менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” “миллати тоҷикро ҳамчун миллати сулҳхоҳ муаррифӣ намуд.”
Ӯ чунин менависад: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ аз ҷониби шахсияти дар давлати худ сулҳи комил ба дастоварда пешниҳоде кард, ки он аҳамияти байналмилалӣ дошта, таъкид мекунад, ки дар рӯи замин дар даҳ соли оянда ҳама ҷангҳо барҳам дода шавад ва инсоният рӯ ба сулҳ биёрад. Пешвои миллат бо ин пешниҳоди олии байналмилалӣ хешро чун Пешвои сулҳ дар ҷаҳон муаррифӣ намуд.”
Ин устоди Донишгоҳи миллӣ, ки аксаран навиштаҳояш баҳсҳоеро ба бор меорад, мегӯяд, “Зиҳи фарри эзадии Президенти хирадманди мо!”
Ин дар ҳолест, ки мухолифони ҳукумати Раҳмон мегӯянд, нафаре, ки худ ба сулҳи тоҷикон хиёнат карду ба ҷои сулҳ даст ба куштану зиндонӣ кардани мардумаш зад, чӣ гуна метавонад улгуи сулҳ дар ҷаҳон бошад?
Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба Azda TV гуфт:
“Тасаввур кунед ҳукумате, ки ба шаҳрвандони худ ҷузъитарин озодиҳоро надодааст ва дар шохисҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар феҳристи ақибмондатаринҳост. Аз озодиҳои шаҳрвандӣ бигирем аз 209 давлат Тоҷикистон дар мақмои 197 қарор дорад, дар озодии баён мақоми 153, дар озодиҳои иқтисодӣ мақоми 146 аз 176 давлат ва баҳамин монанд дар кулли шохисҳои ҷаҳонии озодии инсон, Тоҷикистон пайваста дар тӯли ҳукуматронии Раҳмонов дар охири феҳристҳо қарор мегирад, аммо худи Раҳмонов меояду баъди 30 соли ҳукуматдорӣ ва қатли оми мардумаш барои оламиён сулҳофар мешавад.”
Шерзамонов ҳамчунин афзуд, “Тасаввур кунед, ки ҳамин ташаббусро Куриёи Шимолӣ пешнҳод кунад, ҳамон суботе, ки тӯли 70 сол дар Куриёи Шимолӣ пойбарҷоаст, дар ягонҷои дунё нест. Ва ҳатто шаҳрвандони ин кишвар дар бисёр феҳрастҳои хушбахтӣ, худро хушбахт медонанд, аммо чӣ қадар шаҳрвандони Тҷокиситон омодаанд дар он кишвар сукунат дошта бошанд? Оё он сулҳеро, ки раҳбари Куриёи Шимолӣ пешниҳод мекунад шаҳрвандони Тоҷикистон ба он розӣ мебуданд ва дар Куриё сукунат мекарданд? Ва он сулҳе, ки гӯё Раҳмонов дар Тоҷикистон ҷорӣ кардааст, оё шаҳрвандон кишварҳои озод мехостанд чунин сулҳеро барои худашон дошта бошанд?”