33 голи Тоҷикистон ба дарвозаи Гуам

Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дарвозаи дастаи наврасони ҷазираи Гуамро голборон карданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 23-юми октябр дастаи миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 ба дарвозаи дастаи Гуам 33 гол заданд.

Ба қавли манбаъ, бозии дастаи миллии то 17-солаи Тоҷикистон ва дастаи яккачини Гуам, ки дар Сингапур баргузор шуд, Тоҷикистон бо ҳисоби 33:0 алайҳи Гуам пирӯз шуд.

Пас аз ин бозӣ Тоҷикистон дар сархати гурӯҳи “J” қарор гирифта, фардо 25-уми октярб бозии навбатии худро бо тими миллии наврасони то 17-солаи Сингапур баргузор мекунад ва дар бозии охир қарор аст, 27-уми октябри соли ҷорӣ ба масофи тими миллии наврасони то 17-солаи Уммон биравад.

Гуфта мешавад, Гуам – ҷазираест дар Микронезия, дар қисми ғарбии уқёнуси Ором ҷойгир буда, мақоми қаламрави ғайримуташаккили Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...

Трамп аз пешниҳоди «Ҳайати сулҳ» хабар дод; Ҳамос ба халъи пурраи силоҳ розӣ шудааст?

Президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп эълон кард, ки «Ҳайати...

Дар Бадахшон ба манзили раиси ситоди «Толибон» ҳамла карданд

Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, шоми панҷшанбе афроди мусаллаҳи номаълум...