24.5 C
Dushanbe

Эълони ҳукми ронандаи тоҷике, ки бо автобус ба об сарозер шуд

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербурги Русия 25-уми моҳи ҷорӣ ҳукми ронанди автобус Раҳматшоҳ Қурбоновро эълон кард.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, Додгоҳ Раҳматшоҳ Қурбоновро бо қисми 5 моддаи 264-и Кодекси ҷиноии ин кишвар (нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду нафар ва ё зиёда аз он мегардад,) гунаҳкор дониста, ӯро ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ бар иловаи ин ҳукм, боз Қурбоновро 2 солу 6 моҳи дигар ӯро аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кард.

Ин муҳоҷири тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро дошт ва дар ин кишвар ба рондани автобус машғул буд, қаблан дар мурофиаҳои додгоҳӣ гуфта буд, ки системаи тормози автобус вақти рондан аз кор баромада буд, аммо мақомоти ин кишвар мегӯянд, автобус аз қабл тормозаш кор намекард ва Қурбонов дар ҳолати хастагии аз ҳад зиёд автобусро рондааст.

Ширкати “Такси”, ки Қурбонов дар он ба ҳайси ронандаи автобус кор мекард, он замон гуфта буд, ки автобус пеш аз баромадан ба роҳ дар ҳолати хуб қарор дошт ва ронанда низ пас аз истироҳат ба кор баромада буд.

Ёдовра мешавем, ки рӯзи 10-уми майи соли ҷорӣ автобусеро, ки Раҳматшоҳ Қурбонови 44-сола идора мекард, ба дарёи “Мойка” сарозер шуд ва дар натиҷа 7 нафар ба ҳалокат расида чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Худи Раҳматшоҳ Қурбонов дар додгоҳ аз қурбониён ва наздиконашон узр хоста, гуфта буд, ки аз кор баромадани тормоз боиси ин садама гашт.

Дар наворҳое ҳам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, дида мешавад, ки Раҳматшоҳ талош дорад автобусро боз дорад, автобус ба ду мошин бархӯрда, ба дасти рост мегардад ва панҷараро шикаста ба дарё сарозер мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.

Шаҳрванди Афғонистон дар Ваҳдат бо гумони куштани падараш боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Афғонистон бо гумони куштани падараш дар шаҳри Ваҳдат хабар дод.