16.9 C
Dushanbe

Боздошти 437 нафар дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки гардиши маводи мухаддир дар кишвар нисбат ба соли гузашта зиёдтар шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 29-уми октябри соли ҷорӣ дар як суханронии худ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ 437 нафар “героинфурӯш” боздошт шудааст.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти Тоҷикистон инчунин дар давоми ин 9 моҳи гузашта зиёда аз 4 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 2 тоннаву 735 килограмм аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ мусодира шудааст.

Президенти Тоҷикистон, ки дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисос суҳбат мекард, таъкид кард, ки мақомот инчунин 5 гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро ошкор намуда, 15 аъзои ин гурӯҳҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.

Пеш аз ин мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ, КДАМ ва Агнетии мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон борҳо аз боздошти бархе кормандон ва мақомоти баландпояи кишвар дар гардиш, интиқол ва паҳн кардани маводи мухаддир хабар дода буданд.

Инчунин оморҳои расмӣ дар Тоҷикистон низ нишон медиҳанд, ки қочочиёни маводи мухаддир дар хеле аз мавридҳо бидуни ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва ё маслиҳатҳои пешакӣ бо бархе мақомоти баландпоя наметавонанд ба осонӣ фаъолият кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо нигаронӣ дар бораи афзоиши гардиши маводи мухаддир гап мезад, таъкид карда гуфт, “то ҳол дар ҷойҳои дилхушӣ ва ҷамъиятӣ фурӯши маводи мухаддири синтетикӣ ҷой дорад ва шумораи нашъамандон ҳанӯз зиёд мебошад.”

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон аксар марказҳои дилхӯшии шаҳру ноҳияҳои кишвар зери сояи бевоситаи афроди наздик ба хонаводаи раисҷумҳур ва дигар мақомоти баландпояи кишвар фаъолият мекунанд. Ва ба назар мерасад, ин хитоби Эмомалӣ Раҳмон пеш аз он ки ба дигарон таъаллуқ дошта бошад, ба фарзандону пайвандон ва дигар зердастони худи ӯ дар сафи мақомот дахл дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд “Гурӯҳи 24”-ро экстремистӣ эълон кунанд

Додситонии вилояти Иваново талаб кардааст, ки фаъолияти Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" дар Русия манъ карда шавад.

Эрон ҳаҷми зарари ҷангро 270 миллиард доллар арзёбӣ кард

Эрон ҳаҷми пешакии зарар аз ҳамлаҳои низомии Амрико ва Исроилро тақрибан 270 миллиард доллар эълон кард.

Шикояти писари Зайд Саид: “Моро аз охирин сарпаноҳамон маҳрум кардан мехоҳанд”

Мақомоти кишвар талош доранд, хонаи Саид Саид, собиқ тоҷири муваффақ ва ҳоло зиндонии сиёсиро бигиранд ва фарзандонашро аз он берун кунанд.

Як соҳибкор ба хотири писараш боздоштгоҳи нав сохт

Як соҳибкори маҳаллӣ аз Истаравшан пас аз дидани вазъи фарзанди боздоштшудааш, як боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и наве сохта ба мақомот додааст.