Мақомоти Олмон фаъоли сиёсии тоҷик Дилмурод Эргашевро мехоҳанд 6-уми ноябри соли ҷорӣ аз ин кишвар ихроҷ кунанд.
Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар саҳфаи “X”-и худ бо нашри ин хабар аз вазири корҳои хориҷӣ ва вазири адлияи Олмон хостааст, ки аз ихроҷи ин фаъоли тоҷик пешгирӣ кунанд.
Фоссум дар суҳбати алоҳида ба Azda.tv гуфт, ки дар сурати ихроҷи Эргашев аз Олмон ӯ дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи ин ҳомии ҳуқуқ, аз шиканҷа дар Тоҷикистон мақомоти Олмон хабар доранд, аммо бо ин вуҷуд чанд фаъоли тоҷикро ихроҷ карда буданд. Аз ҷумла, ин кишвар соли гузашта Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви баландпояи ҲНИТ Шамсиддин Саидов ва Билол Қурбоналиев, узви “Гурӯҳи 24”-ро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буд, ки баъдан Абдуллоҳ ба 7 сол ва Билол ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 28-уми октябри соли 2024, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Дилшод Эргашевро ба Додгоҳи маъмурии шахри Клеве бурда, ба ҳабс гирифтанд.
Додгоҳ бо вуҷуди дар ҳоли баррасӣ будани дархости паноҳандагии Эргашев қарор баровардааст, ки ӯ 5 ё 7-уми ноябри соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ шавад.
Гуфта мешавад, ин фаъоли тоҷик аз соли 2011 дар Олмон ба сар мебарад ва дар эътирозҳои осоишта алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат кардааст.
Дар пайи хабари боздошт ва эҳтимоли истирдоди Дилмурод Эргашев ба Тоҷикистон созмонҳои мухолифин ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ гуфта буданд, ки мақомоти Олмон бо ихроҷи ин фаъол уҳдадориҳои байналмилалии худро дар доираи Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ва Конвенсияи Женева оид ба мақоми гурезаҳоро нақз хоҳад кард.