15.9 C
Dushanbe

Дилмуродро дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт карданд

Кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон фаъоли сиёсӣ Дилмурод Эргашевро дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт карданд.

Бино ба иттилои Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, 6-уми ноябри соли ҷорӣ пулиси федералии Олмон Эргашевро барои ихроҷ ба фурӯдгоҳи Дюсселдорф бурда, аз тариқи Истанбул ба Душанбе истирдод кардааст.

Ҳангоми расидани ҳавопаймои ширкати “Turkish Airlines” (соати 01:20-и шаби 7-уми ноябр) кормандони пулиси федеролии Олмон, ки Дилмуродро ҳамроҳӣ мекарданд, ӯро ба намояндагони КДАМ-и Тоҷикистон супурдаанд.

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар истинод ба қавли шоҳидон мегӯяд, Эргашев ҳангоми расидан дар фурӯдгоҳи Душанбе ҳолати ногувор дошта, базӯр дар по рост меистод ва ба эҳтимоли зиёд ӯ қабл аз супурда шуданаш ба кормадони КДАМ таҳти фишори ҷисмонӣ ва равонӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, пас аз интиқол мақомоти амниятии тоҷик ба дастони ин фаъоли сиёсӣ завлона зада, ба сараш халтаи сиёҳ пӯшондаанд ва бо ӯ дағалона рафтор карда, кашолакунон ӯро ба дохили мошин андохтанд.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон боздошти Дилмуродро тасдиқ ё рад накардаанд, ичнунин маълум нест, ки ӯ дар чӣ шароит қарор дорад.

ҶИРТ дар изоҳороте истирдоди узвашро аз Олмон ба Тоҷикистон шадидан маҳкум карда, гуфтааст, ки ихроҷи ин фаъол бо вуҷуди таҳдидҳо ба ҷонаш нақзи принсипҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар аст.

Ин созмони мухолиф таъкид мекунад, ки ҳифзи ҳуқуқи фаъолони сиёсӣ бояд дар авлавияти давлати демократӣ бошад ва аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар даъват кардааст, ки ба ин ҳодиса таваҷҷуҳ кунанд ва ин амали Олмонро маҳкум кунанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 28-уми октябри соли 2024 узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Дилшод Эргашевро ба Додгоҳи маъмурии шахри Клеве даъват карда ва аз онҷо ба ҳабс гирифтанд.

Додгоҳ бо вуҷуди дар ҳоли баррасӣ будани дархости паноҳандагии Эргашев қарор баровардааст, ки ӯ 5 ё 7-уми ноябри соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ шавад.

Эргашев дар остонаи ихроҷаш, 5-уми ноябри соли ҷорӣ, қасди худкушӣ карда, рагҳои даст ва пойи худро бурида буд ва ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол доданд, вале баъдан бо вуҷуди вазъи бади саломатиаш ӯро ба боздоштгоҳ баргардонда ва сипас ба Тоҷикистон истирдодаш карданд.

Гуфта мешавад, ин фаъоли тоҷик аз соли 2011 дар Олмон ба сар мебурд ва дар эътирозҳои осоишта алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат кардааст.

Созмонҳои мухолифин ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Олмон хоста буданд, ки ин фаъоли сиёсиро ба Тоҷикистон истирдод накунад, чун дар ҳоли истирдод ӯ мисли Абдуллоҳи Шамсиддин ва Билол Қурбаналиев мавриди шиканҷа қарор гирифта, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Покистону Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳуқуқиро тақвият мекунанд

Покистону Тоҷикистон тасмим доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ густариш диҳанд.

Қатли бераҳмонаи ду хоҳар ва як кӯдак дар Кӯлоб

Шаби 2-уми апрели соли ҷорӣ ду зан ва як кӯдаки шашсола дар шаҳри Кӯлоб кушта шуданд.

Марги як наваскар дар роҳ ба сӯи Душанбе

Рӯзи 2-юми апрел дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари канда шудани сангпора аз кӯҳ ва бархӯрди он ба автобусе, ки наваскаронро интиқол медод, як ҷавон ҷон бохтааст.

ВКД Қирғизистон: зарари расондаи Тошиев ба иқтисоди Қирғизистон беш аз 4,1 млрд аст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳаҷми зараре, ки вакили собиқи парлумон Шаирбек Ташиев ба иқтисоди ин кишвар расондааст, эълон кард.