9.9 C
Dushanbe

Ба парвандаи “Чеҳраҳои шинохта” боз як рӯзноманигор илова шуд

Мақомоти Тоҷикистон Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини ҲСДТ-ро бо ҷурми “хиёнат ба давлат” муттаҳам карданд.

Радиои Озодӣ ба нақл аз як манбаи огоҳи худ навишта, ки мақомот алайҳи Рухшона бо моддаи “хиёнат ба давлат” (моддаи 305-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. “Парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи июл, дар доираи парвандаи “талоши табаддулот” ва “ғасби қудрат” боз кардааст,” – мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, таҳқиқи парвандаи Рухшона ҳамроҳи парвандаи чеҳраҳои шинохтаи кишвар, ки ба “талоши табаддулоти давлатӣ” муттаҳам мешаванд, идома дорад. Вале худи ӯ ба хотири фарзанди 5-моҳа доштан ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодӣ аст. Вале мақомот шиноснома ва дигар асноди ӯро гирифтаанд.

Манбаъ таъкид мекунад, ки “Додситонӣ Рухшона Ҳакимоваро ба он муттаҳам кардааст, ки дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон як пурсиш гузаронда, баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он назар додаанд.”

Ба хотири муҳри махфӣ доштани парвандаи чеҳраҳои маъруфи кившар, ки ба “Талоши табаддулот” муттаҳам мешаванд, назари онҳо ва ҷузъиёти парванда аз забони онҳо маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки 14-уми ноябри соли ҷорӣ мурофиаи якуми додгоҳии собиқ раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон Саъидҷаъфар Усмонзода ва муовинаш Аҳмадшоҳ Комилзода, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва ду корманди собиқи ин ниҳод Абдулфайз Атоӣ ва Нурамин Ғанизода, инчунин Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният дар СИЗО-и шаҳри Душанбе, пушти дарҳои баста, бидуни иштироки пайвандонашон ва рӯзноманигорон баргузор гардид.

Муҳокимаҳои баъдии онҳо 18 ва 22-уми ноябр гузашт. Парвандаҳоро муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода пеш мебарад.

Гуфта мешавад, ҳоло ин чеҳраҳои боздоштшуда бо моддаҳои 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ), 306 (талош барои ғасби қудрат), 247 (қаллобӣ) ва 305 (хиёнат ба давлат)-и Кодекси ҷиноятӣ муттаҳам мешаванд.

Назари боздоштшудаҳо ва наздиконашон дар ин бора дастраси расонаҳо нест. Аммо пештар гуфта шуда буд, ки Шокирҷон Ҳакимов ҳама иттиҳоми мақомотро рад кардааст.

Гуфта мешавад, боздошти ин чеҳраҳои шинохта пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумон, ки мақомот ӯро рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” дастгир карда буд, оғоз ёфт. Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ҳангоми дархости бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯ аз парлумон гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва чанд нафари дигар ҳам кушода шудааст. Вале он замон маълум набуд, ки ғайр аз Усмонзода киҳо боз шомили ин иттиҳом мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Уфти рубли русӣ дар баробари сомонӣ

Қурби рубли русӣ дар баробари пули миллии сомонӣ ба таври назаррас пойин рафт.

Эътирофи мақомот: Муҳоҷирон дар иқтисоди кишвар саҳми бузург доранд

Мақомоти тоҷик эътироф карданд, ки муҳоҷирони корӣ, ки аксарашон дар Русия кор мекунанд, саҳми бузурге дар иқтисоди Тоҷикистон доранд.

Бекор шудани раводид байни Тоҷикистон ва Молдив

Мақомоти Тоҷикистон ва Малдив бо имзои як созишнома низоми раводид байни ду кишварро бекор карданд.

Боздошти се узбекистонӣ дар Туркия бо гумони қатли рӯҳонии яҳудӣ

Мақомоти Туркия рӯзи чоршанбе се шаҳрванди Узбекистонро бо гумони даст доштан дар қатли руҳонии яҳудӣ дастгир кардаанд.