1.9 C
Dushanbe

Мушкилоти муҳоҷирин дар соли 2024 ва мавқеъгириҳои мақомоти Тоҷикистон

Русия беш аз як саду бист ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро шомили рӯихате кардааст, ки дар сурати муайян накардани шароити қонунии будубоши худ дар ин кишвар, ихроҷ ва мамнуъулвуруд мешаванд.

Ин хабар моҳи октябри соли ҷорӣ дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дуруст пас аз ним соли вуқуи амали террористӣ дар бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав нашр шуд. Интишори ин хабар ҳазорҳо муҳоҷири кории тоҷикро, ки ризқу рӯзии худро дар Русия ба даст меоранд, ба шиддат нигарон кардааст.

Амали террористӣ дар  толори кинову консерти “Крокус Сити” –и Маскав 22 марти соли ҷорӣ сурат гирифт, ки бар асари он 144 нафар кушта ва садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти Русия аксар гумонбарони ин ҳамларо шаҳрвандони Тоҷикистон  донистанд ва феълан 14 нафар тоҷик бо гумони анҷоми ин ҳамла дар боздоштгоҳҳои Маскав қарор доранд. Ва додгоҳ дар Маскав барои бори севум аст, ки муддати ҳабси пешакии онҳоро тамдид мекунанд.

Воқеияти иҷрои ин амали террористӣ аз тарафи тоҷикҳо машкук ва баҳбарангез ба назар мерасад. Аммо таъсир ва паёмади он болои лашкари садҳо ҳазории муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия сангин ва гарон тамом шудааст. Агарчи то вуқуи ин ҳодиса ҳам муносибат ва бархурд бо тоҷикҳо дар Русия хуб набуд, вале ба дунболи ин ҳодиса ҳолу вазъи тоҷикҳо аз буда ҳам бадтар шуд.

Таҳияи “рӯихати сиёҳ” бо исму фомили беш аз 120 ҳазор тоҷик яке аз натоиҷи асафбори ҳамин амали террористӣ аст, ки дар таърихи равобити Русия ва Тоҷикистон собиқа надорад. Дуруст аст, ки муносибот байни ду кишвар на ҳама вақт яксону ҳамвор будааст. Ва Русия на як бор бо бад кардани аҳволи муҳоҷирони кории тоҷик болои Тоҷикистон фишор оварда таваққуъот ва хостаҳои худро бароварда кардааст. Вале ҳеҷ гоҳ барои тоҷикҳо рӯихати сиёҳ надошту накарда буд.

Аммо ҳоло Русия бо ин “рӯихати сиёҳ” ҳам иктифо накардааст. Тамоми талошашро ба харҷ дода истодааст, ки дару дарвозаҳои худро ба рӯи муҳоҷирони кории тоҷик бибандад. Ин навъе аз ниқору интиқом аст ва ё ин ки дигар дар симои кулли тоҷикҳо террористҳои эҳтимолиро мебинад. Барои мо торик аст, вале ин ки сиёсати ин кишвар дар қиболи муҳоҷирони корӣ, бахусус тоҷикҳо 180 дараҷа иваз шуд, воқеият аст. Тоҷикҳо дар Русия аз фурӯдгоҳҳо, то маҳалли истиқомату кор, донишгоҳ, зиндонҳо ва ҳатто онҳое, ки тариқи тронзит қаламрави Русияро мебоист убур мекарданд, таҳти муроқибати хос, бозҷӯӣ, таъқиб, таҳқир қарор гирифтанд. Телефону планшету дигар васоили ҳамроҳи тоҷикҳоро мушикофона дар гузаргоҳҳо, ҳатто дар даруни метрову дигар васоили нақлиёти ҷамъиятӣ кофтукоб мекунанд. Арсаи корро ҳам барои онҳо танг карда истодаанд. Масалан, тоҷикҳо дар бархе аз вилоёти Русия аз ҳаққи рондани таксӣ, кор дар мағозаву бозор маҳрум карда шуданд.

Русия, ки худро ҳамеша шарики роҳбурдӣ ва кишвари дӯсти Тоҷикистон меҳисобид, як маъракаи густарда ва бузурги азияту озори муҳоҷирони тоҷикро дар саросари қаламраваш ба роҳ андохт. Афзун бар ин бо пеш гирифтани қарорҳои аҷулона ва саросемавор ҳазорҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ ва ҳабс кард. Дар ин миён нафароне, ки ба таври қонунӣ кору иқомат мекарданд, низ ронда ва ихроҷ карда шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон, мутаассифона, ин бор низ дар ибтидо муҳри хамушӣ бар лаб зад ва нақши тамошобини бетарафро ифо кард. Тавре муносибат кард, ки дар асл тоҷикҳо гунаҳгоранд ва ба мақомоти интизомиву тафтишотии Русия шароит барои таҳқиқ ва бозҷӯии пайвандони афроди гумонбар дар ин қазияро дар дохили Тоҷикистон фароҳам кард. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ба мақомоти Тоҷикистон барои як чунин ҳамкорӣ ва мусоидат дар кори тафтишот таҳсин ва ташаккур кард. Аммо арзи сипоси ҷаноби Лавров ба ҳукумати Тоҷикистон дар пасманзари намоиши сару сурати варамида, кабуду сиёҳгашта ва гӯши буридаи тоҷикони гумонбар дар қазияи “Крокус Сити Ҳолл” тавассути шабакаҳои телевизионии ин кишвар, як навъ таҳқир ва дашном ба унвони муҳоҷирони кории тоҷик талаққӣ гардид.

Интиқоди ҳукумат дар фазои маҷозӣ барои чунин мавзеъгирии номафҳум афзоиш пайдо кард ва Паймони миллии Тоҷикистон-як эътилофи ҳизбу гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик дар Урупо бо нашри баёнияе аз мавқеъгирии заиф ва норӯшану номуайяни ҳукумат ба шиддат интиқод кард.

Дар баёнияи Паймони миллӣ гуфта мешуд, ки “бо вуҷуди гузашти беш аз 10 рӯз аз ҳодиса ва ҳолати ногувори муҳоҷирони тоҷик, аз тарафи президент Раҳмон ҳеч изҳороти расмӣ дар ҳимоят аз муҳоҷирон содир нашудааст”. ПМТ аз роҳбарияти Тоҷикистон тақозо кард, ки ҳарчи зудтар бо Русия вориди музокира шуда, сарнавишти миллионҳо шаҳрванди бедифои худ дар ин кишварро рӯшан кунад: “Президент ҳамчун кафили ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои ҳимоят аз муҳоҷирон дар зудтарин фурсат бо изҳороти расмӣ ба В. Путин муроҷиат ва талаби таваққуфи боздоштҳо ва шиканҷаи худсаронаи муҳоҷирони тоҷик аз тарафи мақомоти русро намояд. Ҳамчунин талаб карда шавад, ки ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон эҳтиром гузошта шавад”.
Ин баёнияи шадидуллаҳни оппозитсиони тоҷик мавҷи эътирозоти ҷомеаро дар интернет ба шиддат доман зад. Ва ҳукумати як ҳаёт ба даҳон обгирифтаи Тоҷикистон ночор шуд, ба таври боварнакарданӣ сукути худро бишканад.

Сироҷиддини Муҳриддин,вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз бадрфторӣ ва шиканҷаи муттаҳамони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” ва тарвиҷи маъракаи туҳмат ба тоҷикон дар расонаҳо интиқод кард.

Ҷаноби Муҳриддин рӯзи 12-уми апрел дар ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои ИДМ, дар Минск дар бораи ин ҳодиса ва рафтори нодуруст бо тоҷикон суҳбат кард. Вай аз ҷумла гуфт: “дар натиҷаи як маъракаи роҳандозишуда дар расонаҳо, алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикон тасаввури манфӣ ҳосил мешавад, ки ин ғайриқобили қабул аст”.

Вазири хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин намоиши зарбу латти муттаҳамонро, қобили қабул надониста афзудааст, ки “баҳои эътирофи гуноҳ дар зери шиканҷа барои ҳама маълум аст.”

Агарчи вазири хориҷии Тоҷикистон бо лаҳни дипломатӣ русҳоро барои эътирофи гуноҳи содирнашуда тавассути шиканҷа муттаҳам кард, вале муносибат дар Русия бо муҳоҷирони кории тоҷик бадтар шудан гирифт. Вазорати хориҷи Тоҷикистон сафири Русия дар ин кишварро эҳзор ва ёддошти эътирозии худро ба вай таслим кард. Дар ин нотаи эътирози ошкоро гуфта шуд, ки “муносибати махсусан дағалонаи мақомоти Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон”, ки боиси нигаронии ҷиддии роҳбарияти Тоҷикистон шудааст. Ҳамчунин Вазорати хориҷии кишвар Русияро дар “ба таври оммавӣ поймол кардан”, яъне муҷозоти оммавӣ муқассир хонд.

Воқеият ин тавр ранг гирифт, ки ҳодисаи “Крокус” муҳоҷирон ва мақомоти Русияро дар ду ҷабҳаи мухолифи ҳам қарор дод. На фақат муҳоҷирон, ҳатто донишҷӯёни донишгоҳҳо, афроде, ки бо роҳхат барои муолиҷа мерафтанд ва ё тариқи тронзит убур мекарданд, ва ҳатто беш аз ин, тоҷикҳои дорои шаҳрвандии ин кишвар дар фурӯдгоҳҳо дастгир ва бозпас ба Ватан фиристода мешуданд.

Ин вазъу шароит боиси он гардид, ки ҳукумати Тоҷикистон тавассути Вазорати хориҷӣ ва Вазорати меҳнат аз шаҳрвандонаш даъват кард, ки бидуни зарурат аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд. Чунин мавзеъгирии Тоҷикистон дар тамоми муддати даврони истиқлол барои бори аввал буд, ки иттифоқ афтод. Зеро нарафтани тоҷикон ба Русия, ки акнун ҳукумат маҷбур шуд чунин талаберо кунад, маънои худкушӣ барои ин ҳукуматро дорад.

Чун дар воқеъ бозгардонидани лашкари беш аз ду миллионаи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Ватан бо ҳар шаклу шевае, ки бошад, билотардид суботи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистонро дарҳам мезанад ва роҳбарони ҳарду кишвар паёмади “бозӣ” бо сарнавишти онҳоро ба вузуҳ медонанд. Вале бархурди мақомоти Русия дар қиболи тоҷикони муҳоҷир аз пешина ҳам хашинтар гардид. Тоҷикҳо дигар ба объекти танаффури русҳо табдил шуданд. Онҳо дигар Ҷамшуду Рафшани собиқ не, онҳо акнун даҳшатафкан ва ифротӣ шинохта мешуданд. Ҳодисаи “Крокус” боис шуд, ки мақомоти интизомии Русия алайҳи муҳоҷирон “рейд”-ҳо доир карда, чи дар коргоҳу чи дар хобгоҳ ва чи дар донишгоҳҳо онҳоро барои ҷанги зидди Украина ташвиқ кунанд. Аммо инҷо ва ин бор ҳам мақомоти Тоҷикистон, бо шумули Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар ба ҳайси кафили таъмини озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар баробари ҷалби маҷбурӣ ба ҷанги зидди Украина фиристодани муҳоҷирони кории тоҷик ҳеч вокуниш ва аксуламале нишон надоданд. Ин муҳоҷирон монданду мақомоти Русия.

Русия барои ҷалби муҳоҷирони кории тоҷик дар ин ҷанг аз тамоми роҳҳои қонуниву ғайриқонунӣ истифода кард.

Ҳисоби тоҷикҳои дар ҷанги Русия бар зидди Украина кашонидашуда ва куштаву маҷруҳу маълулшуда маълум нест. Шояд садҳо нафар дар хоки Украина, дар гуристонҳои дастаҷамъӣ дафн шуданд, аҷсоди бархе аз онҳоро ба Русия оварданду гурониданд, шумори ками қурбониҳои ин ҷанг дар Ватан хок шуданд.

Ба навиштаи расонаҳо мақомоти тоҷик сад мавриди аз зиндонҳои Русия ба ин ҷанг кашонидани шаҳрвандони худро таъйид кардаанд.

Ахиран ин хабар ҳам мунташир шуд, ки як зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба ин муомилаи мақомоти Русия, ки дар сурати ширкат дар ин ҷанг ӯро ба Тоҷикистон истирдод намекунанд, розӣ мешавад. Вале Файзулло Бодуров аз куҷо медонист, ки зинда барнамегардад. Вай моҳи ноябр кушта ва 12 декабр дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд. Ӯро мақомоти Тоҷикистон бо моддаи 307 гунаҳкор ва таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода буданд ва вай ҷангро бар маҳбас тарҷеҳ дод, аммо кушта шуд. Чунин мавридҳо хеле зиёд аст.Тоҷикистониҳои зиндонӣ дар Русия дар ин ҷанг кам намурданд.

Бори аввал роҳбари ташкилоти низомии “Вагнер”-и Русия Евгенний Пригожин бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон, пешниҳоди пули калон барои муҳоҷирон ва мусоидат дар дарёфти мақоми табаияти Русия хеле аз муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро ба ин ҷанг ҷалб кард.

Вале изҳори назари Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки рӯзи 27-уми июн дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Санкт-Петербург суҳбат мекард, бисёр ҳам ташвишовар буд. Вай дар ин ҳамоиш гуфт, мо муҳоҷиронро зӯран ба Украина мефиристем то теъдодашон дар кишвари мо кам шавад. Ӯ афзуд, “мо ҳиллаеро ёфтем, ки муҳоҷирон оҳиста-оҳиста аз Русия бираванд” ва боз ҳам хабаргузориҳо аз суҳбатҳои вай дар ин нишаст чунин иқтибосҳо овардаанд: “Мо ба иҷрои муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои худ шуруъ кардем. Тибқи он, шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, бояд худро дар қайди ҳарбӣ гузоранд ва ҳангоми зарурат дар амалиёти махсуси низомӣ   ширкат кунанд.”

Ба ин тартиб бинобар навиштаи расонаҳо, дар ҷанги Русия алайҳи Украина, ки феврали соли 2022 оғоз ва то имрӯз идома дорад, муҳоҷирони корӣ бо ваъдаи пулу мол ва шаҳрвандӣ ва зиндониёни тоҷикистон низ бар ивази раҳоӣ ва ё таслим накардан ба Тоҷикистон ва онҳое, ки дар артиши Русия адои хидмат мекунанд, ҷалб шудаанд.

Як нафар аз собиқ зиндониҳои тоҷик, ки чанде қабл озод шуда ва ба Ватан баргаштааст, дар суҳбат бо “Azda TV” гуфт, ки аз назди худи вай беш аз чорсад тоҷику узбеку қирғизро бо ҳар гуна ваъдаҳо ба ҷанг бурданд. Вай гуфт, ки худи ӯро низ борҳо ташвиқ ва даъват карданд ва ҳатто гуфтанд, ки бардурӯғ ба аснод имзо гузорад, ки ҷанг меравад то дигарҳо ҳам ташвиқ шаванд.

“Аввал аз “Вагнер” омада бар ивази ширкат дар ҷанг пулу нафақаи калону шиносномаи русӣ ва озодӣ ваъда карданд, сипас кам-кам зӯрӣ нишон доданд, ки агар наравӣ муҳлататро боз зиёд мекунем, вале ниҳоятан чандин нафарҳоро бо зӯр ба ҷанг бурданд”, афзуд манбаъ.

Моҳи октябри соли ҷорӣ Марат Ҳуснулин, ноиби сарвазири Русия дар вақти сафараш дар Душанбе гуфт, ки Русия минбаъд иҷозати муҳоҷарати ғайриқонунӣ ба ин кишварро нахоҳад дод.

Ӯ гуфт: “Бояд як чизро аниқ дарк кард, ки дар кишвари мо дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ нахоҳад буд. Яъне, мо ба тартиб медарорем. Ба нерӯи корӣ зарурат ҳаст, вале онҳо комилан қонунӣ хоҳанд буд”.

Думаи давлатии Русия ахиран қонунеро ба тасвиб расонд, ки нишон медиҳад, ин кишвар сиёсати худ бо муҳоҷиратро рӯзторӯз сахттар мекунад.

Бо қабули ин қонун минбаъд фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия бидуни донистани забони ҳаққи таҳсил кардан надоранд. Ва айни замон ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонуне пешниҳод гардидааст, ки “тибқи он зиндагии муҳоҷирони корӣ дар масофаи камтар аз 200 метр аз муассисаҳои таълимӣ, манъ хоҳад шуд”.

Бинобар хабарҳои мунташира дар расонаҳо, дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ карда шудаанд. Расонаҳо менаисанд, ки бар асари фишору шиканҷа имсол раванди муҳоҷирати тоҷикистониён ба Русия 15 % кам шудааст. Аммо воқеият ин аст, ки Русия ҳамоно барои Тоҷикистон манбаи кору даромад боқӣ мондааст.

Тибқи иттиллои Бонки рушди осиёӣ, муҳоҷирони кории тоҷик дар соли 2023 ҳудуди 6 миллиард доллар маблағ интиқол додаанд, ки ин бештар аз 47% тавлидоти нохолиси миллии кишварро ташкил медиҳад.

Бинобар як назарсанҷӣ, ки чанде қабл Созмони байналмилалии муҳоҷират доир кард, натиҷаҳо нишон дод, ки бо вуҷуди афзоиши фишору боздошту ихроҷ карданҳо, ҳоло ҳам бештари шаҳрвандони Тоҷикистон мехоҳанд, ки барои кору зиндагӣ ба Русия бираванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки барои анҷоми муҳлати тафтиш ва ташхис кардани рӯихати 120 ҳазорнафараи тоҷикҳо ду моҳи дигар боқӣ мондааст. Дар сурати таъйин ва дақиқи накардани шароити ҳуқуқии худ ин нафарон аз вуруд ба Русия маҳрум хоҳанд шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи беш аз 80 ҳазор муҳоҷир аз Русия

Дар соли 2024 бо қарори додгоҳҳои Русия беш аз 80 ҳазор муҳоҷир барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират аз хоки Русия ихроҷ шуданд.

Мулоқоти Расулзода бо ҳамтоёни қирғизу узбекаш дар бораи марз

Сарвазирони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи марзҳои давлатӣ ва рушди ҳамкориҳо гуфтгӯ карданд.

Ҳушдори КҲФ ба ронандагон ва сокинони кишвар!

КҲФ ҳушдор дод, ки бо сабаби гарм шудани ҳаво эҳтимоли лағзиши тарма, резиши санг ва рег дар роҳҳои кӯҳӣю наздикӯҳӣ вуҷуд дорад.

Пан шудани вируси HMPV дар Чин. Оё вируси ҳамагире дар роҳ аст?

Бар асоси гузориши расонаҳо, афзоиши вируси HMPV (метапневмовируси инсонӣ) дар Чин боиси нигаронӣ ва эҳтимоли ҳамагирии як вируси нави монанд ба COVID-19 шудааст.