Хабар ТОҶИКИСТОН ҲУҚУҚИ ИНСОН

Панҷ фаъоли тоҷик ба феҳристи қурбониёни боздоштҳои худсарона шомил шуданд

Пойгоҳи байналмилалии SOS-Defenders, ки вазъи ҳомиёни ҳуқуқи боздоштшударо дар ҷаҳон ҳуҷҷатгузорӣ мекунад, номи панҷ фаъоли тоҷикро ба феҳристи ҷаҳонии боздоштҳои худсарона ворид кардааст.

Панҷ фаъоли тоҷик ба феҳристи қурбониёни боздоштҳои худсарона шомил шуданд Акс бо ҳушни маснуӣ сохта шудааст.

Пойгоҳи байналмилалии SOS-Defenders, ки вазъи ҳомиёни ҳуқуқи боздоштшударо дар ҷаҳон ҳуҷҷатгузорӣ мекунад, номи панҷ фаъоли тоҷикро ба феҳристи ҷаҳонии боздоштҳои худсарона ворид кардааст.

Дар феҳрист Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев, Манучеҳр Холиқназаров, Далери Имомалӣ ва Бузургмеҳр Ёров ҳастанд. Ба навиштаи созмон, онҳо бо ангезаҳои сиёсӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Бештари ин афрод солҳои охир пас аз рӯйдодҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ё дар пайи фаъолияти мустақил дар соҳаи ҳуқуқи башар, рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон боздошт ва ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев ва Манучеҳр Холиқназаров — аз намояндагони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон мебошанд, ки гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона қаблан гуфта буд, ки маҳрум кардани онҳо аз озодӣ худсарона буда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст онҳоро бидуни қайду шарт озод кунад.

SOS-Defenders мегӯяд, ки боздошти худсаронаи ҳомиёни ҳуқуқ дар кишварҳои гуногун яке аз василаҳои саркӯби ҷомеаи шаҳрвандӣ шудааст. Ҳадафи созмон муттаҳид кардани талошҳои байналмилалӣ барои ҳимоя ва озодии онҳост. Дар пойгоҳи созмон садҳо парвандаи ҳомиёни ҳуқуқ аз кишварҳои гуногун сабт шудаанд.

Дар солҳои охир созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Human Rights Watch ва Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар (International Partnership for Human Rights), борҳо аз танг шудани фазои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, чанд фаъол, рӯзноманигор ва ҳуқуқдон бо иттиҳомоте зиндонӣ шудаанд, ки наздикон ва созмонҳои ҳуқуқи башар онро сиёсӣ медонанд.

Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди маҳбусони сиёсиро ҳамеша рад карда, мегӯянд, ки ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ танҳо дар асоси қонун ва далелҳои мавҷуд баррасӣ шудаанд.

Мавзӯъҳои марбут