Тазоҳуроти навбатӣ барои озодии Абдуллоҳ ва Дилмурод

Гурӯҳе аз фаъолони муқими Олмон бо талаби озодӣ ба Абдулоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунд гирдиҳамоӣ карданд. 

Ин гирдиҳамоӣ 18-уми январи соли 2025 бо ташаббуси Корнели Суҳан ва Себастиан Розе баргузор шудааст. Ҷамъомадагон дар даст аксҳои Абдуллоҳ ва Дилмуродро дошта, аз мақомоти Олмон талаб кардаанд, ки ин ду фаъоли ихроҷшударо ба Олмон баргардонанд.

Ин бори аввал нест, ки фаъолони ҳуқуқибашарӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Олмон, инчунин фаъолони тоҷики муқими ин кишвар дар назди ниҳодҳои давлатии Олмон барои раҳоии Абдуллоҳ ва Дилмурод даст ба эътироз мезананд.

Гуфта мешавад, бар иловаи эътирозҳо борҳо созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони олмонӣ ва тоҷик аз мақомоти расмии Тоҷикистон раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳро талаб кардаанд, аммо режими имрӯзаи Тоҷикистон мисли ҳамеша ин талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Ёдовар мешавем, ки 18-уми январи соли ҷорӣ мақомоти Олмон фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ-ро аз тариқи Туркия ба Тоҷикистон ихроҷ карда буданд ва дар фурӯдгоҳи Душанбе мақомоти тоҷикистонӣ билофосила ӯро боздошт ва сипас бо ҳукми додгоҳ ба 7 соли зиндон маҳкум карданд ва Абдуллоҳ ду сол аст, ки дар зиндон аст.

Пас аз эътирозҳои пайдарпайи наздикону дӯстони Абдуллоҳи Шамсиддин вазири корҳои хориҷии Олмон моҳи июни соли ҷорӣ дар назди вакилони парлумони ин кишвар ихроҷи ӯро ба Тоҷикистон кори иштибоҳи мақомоташ хонда буд.

Аммо мақомоти Олмон аз ихроҷи фаъолони тоҷик даст набардошта, узви “Гурӯҳи 24”-ро ба Тоҷикистон истирдод кард, ки дар натиҷа ин фаъоли мухолифин низ барои 10 сол равонаи зиндон гардид.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, амалкарҳои Олмон хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст, зеро ин қавонин баргардонидани афродро ба кишварҳое, ки дар он ҷо шиканҷа ё таъқиб онҳоро таҳдид мекунад, манъ мекунад.

Дертар мақомоти Олмон 6-уми ноябри соли 2024 узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Дилшод Эргашевро, ки аз соли 2011 дар Олмон ба сар мебурд ва дар эътирозҳои осоишта алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон ширкат кардааст, тариқи Туркия ба Тоҷикистон истирдод кард.

Пас аз истирдод ин фаъолро кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт карда, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта буданд, вале дар ҳоли ҳозир аз вазъияти ӯ чизе гуфта намешавад.

Бояд гуфт, Эргашев дар остонаи ихроҷаш, 5-уми ноябри соли ҷорӣ қасди худкушӣ карда, рагҳои дасту пойи худро бурида буд ва ба эҳтимоли зиёд дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор гирифта, дар шифохона бистарӣ гашт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия зодаи Тоҷикистонро барои тарғиби “бартарии миллати тоҷик” аз шаҳрвандӣ маҳрум кард

Мақомоти Русия як зодаи 61-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми тарғиби ақидаҳои исломии ифротӣ ва барангехтани бартарии миллӣ аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карданд.

“Фирдавс Киллер” дар ҷанги зидди Украина кушта шуд

Фирдавс Салоҳов, зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ, ки дар ҳайати нерӯҳои Русия бар зидди Украина меҷангид, кушта шудааст.

Чор узви як хонавода дар садамаи маргбор ҷони худро аз даст доданд

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат шаш нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодиса субҳи 1-уми августи соли 2026 дар роҳи Норак–Ваҳдат, дар ҳудуди минтақаи Зардолуи шаҳри Ваҳдат рух додааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шукуфоӣ аз рӯи озодии баён дар поёни рӯйхат қарор гирифт

Раддабандии нави ҷаҳонии шукуфоӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз рӯи озодии баён ва сифати фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар қатори кишварҳои дорои пасттарин нишондиҳандаҳо қарор дорад.