Хабар
ТОҶИКИСТОН
Ҳавои Душанбе ва Хатлон ғуборолуд мешавад
Рӯзҳои 28 ва 29-уми ноябр дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон бар асари зиёд шудани чангу ғубор ҳаво ифлос мешавад.
Рӯзҳои 28 ва 29-уми ноябр дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон бар асари зиёд шудани чангу ғубор ҳаво ифлос мешавад.
Тавре Ожонсии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, сабаби асосии тағйир ёфтани вазъи ҳаво ворид шудани хокбориш аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба қаламрави кишвар мебошад.
Дар ин давра дар ҳаво миқдори моддаҳои муаллақ, аз ҷумла зарраҳои чанг бо андозаи то PM10 ва PM2.5, зиёд шуда метавонад.
Ожонсии обуҳавошиносӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо аз сайругашти зиёди рӯзона дар кӯчаҳо ва хиёбонҳо, махсусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, худдорӣ намоянд.
Ба гуфтаи мутахассисон, зарраҳои хурди чанг метавонанд ба саломатии инсон таъсир расонанд, аз ин рӯ риояи чораҳои эҳтиётӣ барои кӯдакон, пиронсолон ва шахсони дорои мушкилиҳои роҳи нафас муҳим аст.