Субҳи 18-уми марти соли ҷорӣ артиши Исроил ҳамлаҳои худро дар Навори Ғазза аз сар гирифта, минтақаҳои гуногуни онро шадидан бомборон кард.
Бино ба иттилои расонаҳо, дар натиҷаи ҳамлаҳои шадиди Исроил болои мардуми Ғазза 419 нафар кушта ва садҳо нафари дигар захмӣ гаштанд, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.
Хабаргузории “Ал-Ҷазира” гузориш дод, ки дар пайи ҳамлаҳои шадиди Исроил ба минтақаҳои гуногуни Навори Ғазза ҳар лаҳза сафи кушташудагон ва захмиён меафзояд. Ба иттилои ин расона, субҳи имрӯз чанд таркиши бузург минтақаҳои шимолу ғарбии Ғаззаро такон дод ва ҳавопаймоҳои ҷосусӣ ва ҷангии Исроил пайваста дар фазои ин минтақа парвоз мекунанд.
Ҳаракати ҲАМОС дар изҳороте Бинёмин Натанёҳу, сарвазири Исроилро масъули комли паёмадҳои таҷовуз ба Ғазза донист.
Тибқи иттилои расонаҳои давлатии Исроил, нерӯҳои ҳавоии ин кишвар мавҷи ҳамлаҳоро дар тамоми Навори Ғазза аз сар гирифтанд. Гуфта мешавад, сарвазир Бинёмин Натанёҳу ва вазири дифоъ Исроил Катс ба артиш дастур додаанд, ки бо қувваи зиёд алайҳи ҲАМОС ба Ғазза ҳамла кунад.
Дафтари Натанёҳу эълон карда, пас аз он ки ҲАМОС пешниҳоди намояндаи Амрико Стив Витковро дар мавриди якбора озодсозии гаравгонҳо рад кард, амалиёти низомии худро дар Ғазза дубора оғоз намудааст.
Аммо ҳаракати ҲАМОС мегӯяд, пешниҳоди намояндаи Амрико танҳо манофеи Исроилро ба назар гирифта, мехостанд гаравгонҳо ба якбора озод шаванд, вале дар бораи поён додани ҷанг, хуруҷи комили нерӯҳои исроилӣ аз ин борика ва шикастани муҳосираву бозсозии Ғазза сухане дар миён набуд.
ҲАМОС дар изҳороташ Исроилро ба нақзи оташбас муттаҳам карда, таъкид мекунад, ки Натанёҳу ва ҳукумати ӯ тасмим гирифтанд оташбасро вайрон кунанд ва сарнавишти асиронро норӯшан созанд.
Ин ҳаракат аз миёнҷигарон хостааст, ки Натанёҳу ва режими ишғолгарро барои вайрон кардани тавофуқномаи оташбас ва хиёнат ба он пурра ҷавобгар донанд. ҲАМОС инчунин аз Ҷомеаи давлатҳои арабӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ даъват карда, ки масъулияти худро дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва шикастани муҳосираи Ғазза бар дӯш гиранд.
Имрӯз кишварҳои Қатар, Арабистони Саудӣ, Урдун ва чандин кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ ва инчунин созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғаззаро маҳкум карда, аз кишварҳои таъсиргузор хостанд, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ин қатли оми мардуми Фаластин гирифта шавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 19-уми январи соли ҷорӣ миёни ҲАМОС ва Исроил оташбас ба имзо расида буд, ки тибқи он тавофуқнома, оташбас аз се марҳила иборат буд ва ҳар марҳила 42-рӯзиро дар бар мегирифт. Пас аз поён ёфтани марҳилаи аввал Исроил мебоист роҳи Филоделфияро тарк мекард, аммо мухолифи шартнома амал карда, онҷоро тарк накард ва бо пешниҳоди шартҳои наву сахттар пеши роҳи идомаи оташбасро гирифт ва дар қадами аввал ворид шудани кумакҳоро боз дошт ва имрӯз ҳамлаҳояшро дигарбора оғоз кард.