15.9 C
Dushanbe

Боздошти собиқ раиси шаҳри Конибодом дар Узбекистон

Собиқи раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода охири моҳи феврал дар Узбекистон дастгир ва ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки Тухтасунзода ба ришвагирӣ ва қаллобӣ гумонзад буда, дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад.

Дар баробари Абдусалом Тухтасунзода чанд мақомдори дигар, ки то ҳол номи ду нафари онҳо расонаӣ шудааст, аз ҷумла Суҳроб Умарзода, муовини пешини сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ ва Усмон Ҳайдар, мудири собиқи амволи ҳукумати Конибодом низ дастгир шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, боздошти ин афрод баъди ба Конибодом расидани як комиссияи вежа барои таҳқиқи кушторҳои пайиҳам дар охири соли гузашта матраҳ шудааст. Гуфта мешавад, аъзои ин комиссия сохтмони чанд хонаро дар заминҳои обӣ пайдо карда, ба Душанбе гузориш додаанд ва аз онҷо дастур шудааст, ки кори мақомоти Конибодом пурра санҷида шавад, чун онҳо ҳодисаҳои кушторро ҷиддӣ таҳқиқ накардаанд.

Мақомоти расмӣ то ҳол аз боздошти чанд масъул дар Конибодом чизе нагуфтаанд ва назари худи гумонбарон ва пайвандону вакилони дифоашон дар ин бора дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки Абдусалом Тухтасунзода пас аз се соли раисӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ бо далели ба кори дигар гузаштан аз мансаби раиси шаҳри Конибодом барканор шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Яман паҳподи амрикоиро сарнагун кард

Гурӯҳи ҳусиҳои Яман эълон кард, ки рӯзи чаҳоршанбе як ҳавопаймои бесарнишини амрикоии "MQ-9"-ро бо мушаки маҳаллии сохташуда дар вилояти ал-Ҷавф сарнагун карданд.

КҲФ: Рӯзҳои оянда хатари сел манотиқи кишварро таҳдид мекунад

Куитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор дода, ки рӯзҳои оянда эҳтимоли номусоид шудани обу ҳаво ва омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар вуҷуд дорад ва эҳтиёт кунанд.

Вазъи вахими Маҳмурод Одинаев дар зиндон

Маҳмурод Одинаев, зиндонии сиёсӣ ва собиқ муовини раиси ҲСДТ...

Ҳукумат мубаллиғи худро зиндонӣ кард

Додгоҳи шаҳри Бохтар Идибеки Мардон, маъруф ба "Идибеки Бохтарӣ"-ро,...