Ҳукумат: Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба Артиш дар 10 рӯз 80% иҷро шуд

Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар давоми 10 рӯз аллакй 80% иҷро шудааст.

Гуфта мешавад, дар давоми ин 10 рӯз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе аллакай аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишудаи даъвати сарбозон ба Артиш гузориш доданд.

Тибқи гузориши ин ниҳод, аз байни 13 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш дар рӯзи нахустини оғози мавсими даъвати баҳорӣ ба анҷом расонида, дар боқӣ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақша 72% иҷро шудааст.

Дар вилояти Суғд нақша 54 дарсад иҷро шуда, аммо дар сатҳи ҷумҳурӣ ин омор 80 дарсад гузориш мешавад.

Вазорати мудофеаи Тоҷикистон омили тез анҷом ёфтани нақшаи имсолаи даъвати баҳории ҷавонон ба Артишро дар “зиёд будани ҷавонписарони ихтиёрӣ” ва афзоиши “обрӯю нуфузи Артиши миллӣ дар байни аҳолӣ”, марбут донистааст.

Вазорати мудофеаи Тоҷикистон дар ин гузоришаш мегӯяд, вилояти Хатлон нақшаро 100% иҷро кардааст, вале рӯзи гузашта расонаҳои кишвар аз сарбозшикор дар бозори шаҳри Кӯлоб хабар доданд. Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки маъмурони Комиссарияти ҳарбиии шаҳри Кӯлоб дар бозори марказии шаҳр назди мағозае бо мардум ҷанҷол мекунанд ва мехоҳанд як ҷавонро бо зӯр ба Артиш бибаранд, вале мардум монеи кори онҳо мешаванд.

Ситоиши мақомот аз афзоиши ҷавонон ихтиёрӣ ба Артиш ва ёдоварӣ аз самараи заҳмату талоши мақомот барои фаҳмаондадиҳӣ байни ҷавонон дар ҳолест, ки аз ҳар гӯшаву канори кишвар сокинон аз сарбозшикор хабар медиҳанд.

Хидмати ҳарбии иҷборӣ дар Тоҷикистон, шароити бади қисмҳои низомӣ, бархурди дурушт ва зарбу лате, ки ҳатто ба марг оварда мерасонад, ҷавоноро аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ гурезон кардааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, аз замони ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон то кунун дар Тоҷикистон чандин мушкилии ҳалнашаванда, аз ҷумла бо зӯр бурдани ҷавонон ба Артиш, бебарқӣ дар фаслҳои сармо, муҳоҷират ва ришваву фасод ҷомеаро домангир шудааст, ки мақомот барои рафъи ин мушкилот талоше намекунанд ва ҳатто намехоҳанд ин мушкилот бартараф шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.