Аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон дар артиши Русия ҳузур доранд

Дар байни шаҳрвандони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шаҳрвандони Тоҷикистон дар артиши Русия аз ҳама бештаранд, ки бар зидди Украина меҷанганд.

Дар ин бора Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить”, ки маълумот дар бораи зархаридони хориҷӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русияро ҷамъоварӣ ва нашр мекунад, хабар дод.

Бар асоси ин тарҳ, то авоили соли 2025 номи 931 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо Вазорати дифои Русия дар солҳои 2023 ва 2025 қарордод имзо кардаанд, тасдиқ шудааст. Ин шумораи бештарин дар байни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон (361 нафар) ва Қазоқистон (666 нафар) мебошад. Дар ин рӯйхат номи тоҷиконе, ки асир афтодаанд оварда нашудааст.

Аммо тавре ки лоиҳа таъкид мекунад, дар ин рӯйхат афроде оварда шудаанд, ки маълумоташон тасдиқ шудааст ва рақами воқеӣ метавонад бештар аз ин бошад.

Тибқи оморҳои овардашуда, аз 961 тоҷик 196 каси онҳо фавтидаанд. Гуфта мешавад, аз ин шумора 147 нафараш танҳо дар соли 2024 кушта шудаанд.

Тибқи маълумоти ин рӯйхат, аз ҳама шаҳрванди хурдтарини Тоҷикистон, ки дар ин ҷанг ширкат карда ва кушта шудааст, 18-сола ва бузургсолтаринаш 70-сола будаст. Яке аз сарбозони тоҷик ҳамагӣ 7 рӯз пас аз имзои шартнома кушта шудааст ва ба ҳисоби миёна, зархаридони тоҷик дар ҷанг тақрибан 140 рӯз умр ба сар мебаранд.

Баъзе аз онҳое, ки номашон дар рӯйхат оварда шудааст, дар Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ё зидди онҳо санад тартиб дода шудааст ва ё дар зиндон қарор доштанд. Инчунин дар ин рӯйхат номи онҳое, ки дар рӯйхати “шахсони зери назорат”-и Русия қарор доранд ва барояшон ихроҷ таҳдид мекард, дида мешавад.

Коршиносон чунин оморро ба маҷмуи омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ марбут медонанд. Тоҷикистон бо пасттарин ММД, яке аз фақиртарин кишварҳои пасошӯравӣ мебошад ва ҳамасола миллионҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд ва дар ин кишвар дар баробари низоми ҷалби муҳоҷирон ба артиши Русия осебпазир мешаванд.

Инчунин дар пайи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Crocus City Hall” дар моҳи марти соли 2024, ки дар ташкили он шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар мебошанд, фишор болои муҳоҷирон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, нерӯҳои амниятӣ ва комиссарҳои низомии Русия бештар аз ин истифода бурда, муҳоҷиронро бо ихроҷ таҳдид мекунанд ё бо қонунигардонии ҳуҷҷатҳояшону дарёфти шаҳрвандии Русия гумроҳ намуда, мардумро маҷбур мекунанд, ки бо Вазорати дифои ин кишвар шартнома имзо кунанд.

Тарҳи “Хочу жить” дар иттилоияаш аз як асири ҷангии шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Хушвахт Перузалиев мисол овардааст, ки гуфта мешавад, пас аз фишору фиреб ба ҷанг рафтааст ва ӯ намедонист зери чӣ шартномае имзо кардааст.

Масъулони ин марказ мегӯянд, ки ширкат дар таҷовузи зидди Украина қонунҳои байналмилалиро нақз мекунад ва аз муҳоҷирони тоҷик хоста шудааст, ки фирефтаи ваъдаҳои мақомоти Русия нашаванд. Инчунин аз мақомоти Тоҷикистон даъват шудааст, ки ба вазъи мавҷуда мудохила намуда, таҷрибаи ҷалби шаҳрвандони худро ба ҷанг маҳкум кунанд ва аз он пешгирӣ намоянд.

То ҳол ҳукумати Тоҷикистон ба нашри номи шаҳрвандонаш дар рӯйхати зархаридон вокӯниш накардааст. Танҳо дар соли 2023 сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карда, аз муҳоҷирони тоҷик хоста буданд, ки ба ҷанги бегона нараванд, чун ҷавобгарӣ дорад.

Azda.tv дар рӯйхати нашр кардаи тарҳи “Хочу жить” номи ҷавони тоҷикеро пайдо кард, ки дар бораи ӯ хабар нашр карда буд.

Ин сарбози тоҷик бо шарти зикр нашудани номаш 15-уми апрели соли ҷорӣ ба Azda.tv гуфта буд, шартномаи як солааш бо Вазорати дифои Русия дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба охир расид, аммо бо гузашти ду моҳ ва навиштани даҳҳо ариза ва нома ба прокуратура ва Вазорати дифои Русия ба ӯ иҷоза надодаанд, ки аз минтиқаи ҷангӣ берун барояд ва ҳатто иҷозаи рухсатиро ба ӯ надодаанд.

Ӯ ҳамчунин таъкид карда буд, ки вазъи руҳияш бад асту чашми чапаш хуб намебинад ва маълумотнома (справка)-и духтур ва тавсифнома (характеристика)-и муовини фармондеҳи дастаи низомӣ (командири рота)-яшро ба даст овардааст, ки дар онҳо гуфта мешавад, ҳаққи идома ширкат дар ин ҷангро надорад.

Вале, ба гуфтаи худаш, бо вуҷуди ин ҳама ӯро маҷбур доранд, ки боз барои идомаи иштирок дар ҷанги зидди Украина бо шиносномаи русияш шартномаи нав бандад. То ҳол тақдири ин ҷавони тоҷик норӯшан боқӣ мондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.