Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонии рӯзҳои истироҳатӣ барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.
Ба гузориши Associated Press, сарвазири Фаронса Себастян Лекорню рӯзи 19-уми октябр ба намояндагони ҳукумат дар минтақаҳо дастур додааст, барои пешгирии хушунату ғоратгарӣ маҳдудиятҳои шабгардии “хеле маҳдуд” ва маҳаллиро ҷорӣ кунанд. Тибқи ҳамин гузориш, дар пайи нооромиҳо дастикам 2400 нафар боздошт шудаанд.
Қасри Елисей рӯзи душанбе эълон кард, ки вазири корҳои дохилӣ Лоран Нунез дархости истеъфо додааст, аммо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса бо ишора ба зарурати идомаи фармондеҳии нерӯҳои ҳифзи тартибот истеъфои ӯро рад кардааст.
Эътирозҳои рӯзи 17-уми октябр алайҳи гаронии зиндагӣ ва мушкилоти маориф дар чанде аз шаҳрҳои Фаронса ба даргирӣ кашида шуданд. Ба гузориши BBC-и форсӣ, аксари ширкаткунандагон аҳолии осоишта буданд, аммо баъдан гурӯҳҳои ниқобпӯш ба тахрибу ғоратгарӣ даст заданд. Пулис аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кардааст.
BBC бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Фаронса хабар додааст, ки дар ин даргириҳо тақрибан 1000 корманди пулис захмӣ шудаанд ва ҷароҳати ҳафт нафари онҳо вазнин гуфта мешавад.
Макрон дар муроҷиати расмии шоми 18-уми октябр хушунатҳоро маҳкум карда, аз ҳамла ба мағозаҳо, биноҳои давлатӣ ва шаҳрдориҳо хабар дод. Ӯ масъулияти тахрибкориҳоро ба гурӯҳҳои чапи ифротӣ ва “афроди ҷиноятпеша” нисбат дод.
Дар айни ҳол, Макрон талабҳои эътирозгарони осоиштаро қонунӣ донист ва гуфт, онҳоро набояд бо омилони тахрибу ғоратгарӣ яксон шумурд. Ӯ аз ҳукумат хост, камбудиҳои иттилоотӣ ва пешгирии хушунатҳоро баррасӣ карда, натиҷаҳоро шаффоф шарҳ диҳад.
Президенти Фаронса ҳамчунин эълон кард, ки сарвазир дар рӯзҳои наздик намояндагони хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон, иттифоқҳои касаба, корфармоён ва мақомоти маҳаллиро барои баррасии роҳҳалҳо ҷамъ меорад. Барои соҳибкорони осебдида низ чораҳои кумак ваъда кардааст.
Ёдовар мешавем ,ки эътирозҳои ахир аз норозигии ҷавонон аз шароити таҳсил оғоз шуда, бо талабҳо барои беҳбуди хидматрасониҳои давлатӣ ва муқобила бо гаронӣ густариш ёфтанд. Ба навиштаи BBC, иттифоқҳои касаба ва ҷунбиши “Ҷомазардҳо” барои 5-уми ноябр низ эътирозҳои васеъ эълон кардаанд. Ҳоло ҳукумат ҳамзамон бо барқарор кардани амният, бо фишор барои посух додан ба сабабҳои иҷтимоии норозигӣ рӯ ба рӯст.
