Вазифаи навбатӣ ва шашуми Қодирови 17-сола

Одам Қодирови 17-сола, писари роҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров котиби нави Шӯрои амният таъйин шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Шӯрои амнияти Чеченистон, Қодирови хурдӣ аз моҳи апрели соли 2025 ин вазифаро ба уҳда гирифтааст. То ин дам, дар ин мақом аз моҳи июли соли 2024 Ҳамзат Қодиров, хоҳарзодаи президенти Чеченистон кор мекард.

Тибқи расонаҳои русӣ, ин аллакай шашумин мансаби давлатии Одам Қодиров мебошад. Ӯ дар синни 15-солагӣ ба ҳайси ҷавонтарин сардори шуъбаи муҳофизони падараш таъйин шуда буд ва ин дар Китоби рекордҳои Русия сабт шудааст.

Одам Қодиров инчунин масъул ё “куратор”-и Донишгоҳи нерӯҳои махсуси Русия дар Гудермес ва ду баталйони Вазорати дифоъ, аз ҷумла баталйони шайх Мансур мебошад. Дар оғози моҳи апрели соли 2025 ӯ ба ҳайси куратори идораи минтақавии Вазорати корҳои дохилии Русия низ таъйин гардида буд.

Номи Қодирови хурдӣ пас аз ҳодисаи латукӯби Никита Журавел, гумонбар дар сӯзонидани китоби “Қуръон”, дар боздоштгоҳи шаҳри Грозний бештар расонаӣ гашта буд. Пас аз ин ҳодиса, ӯ унвони Қаҳрамони Ҷумҳурии Чеченистонро гирифт ва бо ордену медалҳо аз ҷониби минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла орденҳои олӣ аз Тотористон, Карачай-Черкесия ва Кабардину-Балкария қадрдонӣ шуда буд.

Ӯ инчунин бо ордени миллии Чеченистон “Даймехкан Сий” («Ифтихори миллат»), орденҳои динии “Барои хидмат ба Уммат” ва “Барои хидмат ба дини ислом” дараҷаи I, медали “Шуҷоати меҳнатии Русия” ва “Барои саҳмгузорӣ дар рушди Донишгоҳи нерӯҳои махсуси Русия дар Гудермес” дараҷаи I сарфароз шудааст.

Гуфта мешавад, бархе аз ин ҷоизаҳоро тибқи қонун Қодирови хурдӣ бинобар синну солаш соҳиб шуда наметавонист.

Рамазон Қодирови 48-сола, ки аз соли 2007 раҳбарии Чеченистонро ба уҳда дорад. ҳукуматро хонаводагӣ намуда, вазифаҳои калидиро миёни пайвандону фарзандону наздиконаш тақсим кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.

Дар роҳ ба сӯи Эрон 17 нафар аз ташнагӣ ҷон бохтанд

Дастикам 17 муҳоҷири афғон, аз ҷумла занону кӯдакон, ҳангоми талоши расидан ба Эрон дар роҳ бар асари ташнагӣ ҷон бохтанд.

Аз танишҳои лафзӣ байни Русия ва Лаҳистон то ҳушдори амниятӣ

Пас аз изҳори назари вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский дар бораи ҷанги Русия ва Украина таҳдидҳои лафзӣ байни Маскав ва Варшава шиддат гирифтааст.

Дар Русия мехоҳанд шумори кӯдакони хориҷиро дар мактабу кӯдакистонҳо маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шумори кӯдакони хориҷӣ дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва коллеҷҳо аз 25 дарсади хонандагон зиёд набошад.